• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Муаррифии барномаи компютерии инноватсионӣ дар факултети математика

Санаи 20-уми ноябр дар факултети математика дарси кушоди таҷрибавӣ баргузор гардид, ки мақсади ташкилу баргузории он намоиши дастовардҳо ва барномаҳои компютерии коркардшудаи омӯзгорони кафедраи ТИК буд. Дар рафти дарси кушод ба донишҷӯён оид ба барномаи компютерии “Кори санҷишӣ аз фанни алгебра оиди ҳалли системаи муодилаҳои хаттии дуномаълума” маълумот дода шуд.

 

Бояд зикр намуд, ки барномаи мазкур бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ аз ҷониби номзади илмҳои педагогӣ,  омӯзгори кафедраи ТИК Аҳтам Назаров тарҳрезӣ гардида, соҳиби шаҳодатномаи  муаллифӣ дар соли 2018 мебошад. Дар дарси кушод тарзу усули амалии истифодабарии технологияи номбаршуда ва барномаи компютерии он нишон дода шуда, қайд гардид, ки бо истифода аз он хонандагон ва донишҷӯён роҳи ҳал ва натиҷаи ҳалро аз якдигар рӯйбардор карда наметавонанд. Барномаи мазкур аз барномаҳои тестӣ куллан фарқ мекунад. Он аз ягон базаи додаҳо вобастагӣ надорад ва системаи муодилаҳо ва ҷавобҳои онҳо пешакӣ фаҳмида намешаванд. Инчунин шумораи вариантҳо беохир буда, меҳнати омӯзгор хело сабук мегардад. Ҳар як хонанда ва донишҷӯ имкони истифодаи мустақилонаи барномаро дошта, барои ин тугмаи “супориш”-ро пахш мекунад. Пас аз инъикоси системаи муодилаҳои хатти дуномаълума (3-то), системаҳоро дар дафтар навишта, онҳоро ҳал мекунад ва дурустии ҷавобро тариқи худкор бо барнома месанҷад.

Дарси кушоди таҷрибавӣ дар сатҳи баланд бо истифодаи тахтаи электронӣ баргузор гардида, натиҷаҳои корҳои эксперименталӣ ва имкониятҳои барномаи компютерии мазкур дар амал тасдиқи худро ёфтанд. Дар рафти баргузории дарси кушод ва муаррифии барнома инчунин намояндагони Раёсати донишгоҳ ширкат варзиданд.



 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj