• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ТЕАТРИ ҶАВОНОН

Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16-уми ноябр дар кишвар ҷашн гирифта мешавад, дар Театри академӣ-драмавии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо ширкати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ҳамчунин меҳмонон аз Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

 

Чорабиниро ректори донишгоҳ академик Носирҷон Салимӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи Президент, солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва ба кор шурӯъ намудани чархаи нахустини НБО “Роғун” табрику таҳният намуд. Зикр гардид, ки таљлили Рӯзи Президент барои мо, тоҷикону тоҷикистониён, мояи ифтихору сарфарозӣ ва шодмониву саодатмандист, зеро бақои миллату давлати тоҷик ва рушду тараққии рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоли моро бидуни талошу такопӯ ва худфидоиву ҷоннисориҳои фарзонафарзанди миллат, абармарди арсаи сиёсат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наметавон тасаввур кард. Президенти кишвар аз нахустин рўзҳои ба сари қудрат омадан бо тамоми ҳастӣ баҳри наҷоти миллату давлати тоҷик талош варзида, дар он рӯзҳои сахту сангин ва барои миллату давлат сарнавиштсоз бо дарки масъулияти баланди сиёсӣ зимоми давлатдориро ба даст гирифтанд ва дар замири миллати азияткашидаи тоҷик шарораи умед ба фардои равшан ва зиндагии орому осударо барафрӯхтанд.

Пас аз қисмати ифтитоҳии чорабинии идона аз ҷониби дастаи ҳунарии “Чеҳранамо” ва донишҷӯёни донишгоҳ барномаи рангину ҷолиби фарҳангию фароғатӣ пешкаши тамошобинон гардонида шуд, ки бо иҷрои суруду таронаҳои тозаву дилангез дар мавзӯъҳои ифтихор аз ватану ватандорӣ, истиқлолу озодӣ, сулҳу ваҳдат ва зебоиву рушду нумӯи кишвар ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуданд.



 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj