• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ғолибони чорабиниҳои варзишӣ қадрдонӣ гардиданд

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаи аввалини НБО «Роғун» дар донишгоҳ як қатор чорабиниҳои варзишӣ карда шуда, ҷамъбаст гардид. Чунончи, миёни донишҷӯписарони ҳамаи факултетҳои донишгоҳ мусобиқаи футболи хурд ва дар доираи нақша-чорабиниҳои Рӯзи Парчами давлатӣ бошад, миёни донишҷӯдухтарони ҳамаи факултетҳо мусобиқаи волейбол баргузор гашт.

 

Дар сабқатҳои мазкур дастаҳои ҳамаи факултетҳо малакаи хуби варзишӣ нишон дода, бозиҳои ҷолибу диданӣ ба тамошобинон пешкаш намуданд. Дар мусобиқаи футболи хурд, тавре қаблан иттилоъ дода будем, факултети таърих ҷойи якум, факултети технология ва иқтисодиёт ҷойи дуюм ва факултети химия ҷойи сеюмро сазовор гардида буданд. Дар мусобиқаи волейбол дастаи духтарони факултети забони англисӣ сазовори ҷойи якум, дастаи факултети таърих соҳиби ҷойи дуюм ва дастаи факултети математика гирандаи мақоми сеюм шуданд.

Дар расми ҷамъбасти мусобиқаҳои мазкур, ки санаи 21-уми ноябр баргузор шуд, дастаҳои ғолиб аз ҷониби Раёсати донишгоҳ, шуъбаи кор бо ҷавонон ва кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Шуъбаи кор бо ҷавонон ва
кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ


 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj