• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Вохӯрӣ бо донишҷӯёни хобгоҳ оид ба масъалаҳои муҳими ҷомеа

Шуъбаи кор бо  ҷавонон ва кумитаи иттифоқи касабаи дониш ҷӯён дар ҳамкорӣ бо Раёсати  ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе санаи 20-уми ноябр дар хобгоҳи № 8-и донишгоҳ, воқеъ дар ноҳияи Сино, бо дониш ҷӯён вохӯрии корӣ доир намуданд, ки дар он мудири бахши  ҷавонони шаҳри Душанбе М. Гулов, мудири бахши  ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сино Д. Суфизода, мудири шуъбаи кор бо  ҷавонони донишгоҳ С. Қувватов, раиси кумитаи иттифоқи касабаи дониш ҷӯён Д. Раҷабов, сармутахассиси шуъбаи кор бо  ҷавонони донишгоҳ Д. Каримов ва истиқоматкунандагону масъулини хобгоҳ иштирок доштанд.

 

Дар вохӯрӣ ҳозирин атрофи масъалаҳои муҳими ҳаёти  ҷавонон, аз  ҷумла вобаста ба тарбияи ватандӯстӣ, зиракии сиёсӣ, раванди созандагиву бунёдкорӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, маданияти шаҳрнишинӣ, одобу ахлоқ, донишандӯзӣ ва пешгирии гароиши  ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мо ҷаро ҷӯву тундрав андешаронӣ сурат гирифт. Дар рафти вохӯрӣ миёни ташкилкунандагони чорабинӣ ва иштирокчиён суолу  ҷавоб сурат гирифта, донишҷӯён аз натиҷаи он изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки баргузории чунин чорабиниҳои судманд дар дигар хобгоҳҳои донишгоҳ низ дар назар дошта шудааст.

 

Шуъбаи кор бо ҷавонон ва
кумитаи иттифоқи касабаи дониш ҷӯёни донишгоҳ


 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj