• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Маҳфили адабӣ: “Парчами нангу номи мо”

Санаи 22-уми ноябр бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ таҳти унвони “Парчами нангу номи мо” маҳфили адабӣ доир шуд. Маҳфилро мудири кафедра профессор Саидмуроди Хоҷазод ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба таърихи пайдоиши парчам сухан кард.

 

Номбурда иброз дошт, ки халқи тоҷик дар давраи Куруши Кабир соҳиби Эъломияи ҳуқуқи башар гашта буд, инчунин нахустин халқест, ки аввалин шуда, дирафш-парчамро ба миён овардааст ва ин аввалин дирафши миллати тоҷик, дирафши ковиёнӣ аст. Мо, ҳамагон, аз «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ хуб медонем, ки чӣ тавр Коваи оҳангар дар вақти бар зидди қувваи бадӣ ғолиб омаданаш чарминаи пешбанди худро ба ҳайси дирафш-парчам истифода бурда, баъди мағлуб намудани Заҳҳок ғолибияти худро бо бардоштани дирафш ба халқ нишон дод. Сипас, Коваи оҳангар бо ба даст овардани давлат ба тахт Фаридунро нишонд. Фаридун низ ин иқдоми Коваро идома дода, ба дирафши Ковиёнӣ як ситораи дорои чор шохаи зарҳалдори ранги зард, сурх, бунафшдорро илова намуда, аз ҳамон давра ин ҷониб мардуми ориёӣ соҳиби парчами худ гаштанд.

Муаллими калони кафедра Ҷамила Саидова оид ба зарурати қабули парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ибрози назар кард. Ӯ зикр кард, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, парчами нави Тоҷикистон мавриди қабул қарор гирифт ва пўшида нест, ки дар таҳия ва пешниҳоди он олимон ва аҳли фарҳанг назари худро пешниҳод карданд. Парчами давлатии Тоҷикистон, ки имрўз ҳамчун рамзи давлатӣ шинохта шудааст, бо рангҳои хеле зебо таҷассум ёфта, ифодагари тамоми таъриху тамаддуни пешазисломӣ ва баъдиисломии мардуми мо аст, яъне тамоми арзишҳои миллию таърихии моро ифода мекунад.

Дар маҳфил ҳамчунин дигар аъзои кафедра оид ба ин муқаддасоти миллат, рамзҳо ва аҳаммияти он барои тарбияи насли имрӯзу фардои ватан ибрози андеша намуданд.  Дар охир аъзои маҳфили “Забон донӣ, ҷаҳон донӣ” дар васфи парчам шеърҳо ќироат карданд.



 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj