• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Вохӯрӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгирӣ аз терроризму экстремизм

Санаи 29-уми ноябр дар толори калони бинои асосии донишгоҳ вохӯрии кормандони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёну устодони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ доир гардид. Ҳадаф аз ташкилу баргузории вохӯрии мазкур баланд бардоштани савияи дониш ва сатҳи маърифати ҳуқуқии донишҷӯён дар самти пешгирии экстремизму терроризм ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар ҷумҳурӣ арзёбӣ карда шуд.

 

Чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ С. Қосимов ифтитоҳ намуда, пас аз муаррифии меҳмонон ҳозиринро бо моҳият ва мақсаду ҳадафҳои вохӯрӣ ошно сохт. Дар вохӯрӣ асосан доир ба ду масъала гузориш ва суолу ҷавоб сурат гирифт. Оид ба масъалаи аввал прокурори раёсати муқовимат ба терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии Прокуратураи генералӣ Ю.Ё.Рузиев дар мавзӯи “Роҳҳои пешгирии терроризм ва экстремизм” ва оид ба масъалаи дувум сармутахассисони раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавии Хадамоти зиддиинҳисорӣ Н.М.Бозоров ва Р.П.Қурбонов дар мавзӯи “Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуда, оид ба мавзӯи дувум ҳамзамон намоиш-слайд пешкаши аҳли толор гардонида шуд.

Атрофи масъалаҳои матраҳгардида миёни маърӯзачиён, дигар масъулини мақомоти давлатии мазкур ва иштирокчиён суҳбати ошкору самимӣ ва суолу ҷавоб сурат гирифта, моҳияту муҳтавои мавзӯъҳо ба таври амиқу фаҳмо муҳокима шуданд. Донишҷӯён ва аҳли толор аз чорабинӣ як ҷаҳон таассурот ва маъно бардоштанд ва дар анҷом ба ташкилкунандагони чунин вохӯрии судманду саривақтӣ изҳори сипос карда шуд.

 
free pokerfree poker

 


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: www.tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj