• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ОМИЛҲОИ ТУНДРАВӢ ВА ИФРОТГАРОӢ ДАР ҶОМЕА

Доир ба масъалаи тундравӣ ва ифротгароӣ дар матбуоти илмӣ ва оммавӣ баҳсу мунозираҳо кайҳо оғоз шудаанд. Хусусан, баъд аз ба даст овардани истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ин мафҳумҳо назарҳои гуногун пайдо гардиданд, ки имрўз идома доранд. Ифротгароӣ маънои тундравӣ, моҷараҷўӣ, зӯровариро дошта, дар ниҳояти кор муҳаққиқон онро бо мафҳуми терроризм муродиф донистанд. Вақте ки мо дар бораи ифротгароӣ сухан меронем, ҳамон калимаи тундравӣ дар назар дошта мешавад. Ин мафҳум аз рӯи моҳияти худ маънои ҳодисаҳои хатарнок ва даҳшатангезро дошта, одамон онро шунида, дар онҳо ҳамон замон ҳисси хатар, эҳтиёт ва инкори ин падидаи номатлуб зоҳир мешавад.

 

Дар ҳамаи давру замонҳои таърихӣ гурӯҳҳои ифротгаро вуҷуд доштанд, бо ин ё он тарз фаъолияти мафкуравию амалӣ зоҳир мекарданд ва аксар вақт нодурустию арзиш надоштани ақидаҳои онҳоро худи таъриху фарҳанги башарият тасдиқ намудааст. Дар натиҷаи пайдоиш, таҳаввул ва паҳншавии динҳои ҷаҳонӣ буддоия, насрония ва ислом ақидаҳои гуногуни динию мазҳабӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва фалсафию ахлоқӣ эҷод шуданд, ки боиси cap задани низоъу муноқишаҳо гардиданд.

Истифодаи истилоҳи «ифротгароии динӣ» ё ки ба ин ё он дин мансуб донистани ин зуҳурот сабаби пайдоиши норизогӣ ва тундравӣ шудан мумкин аст. Ислом ё дигар динҳоро манбаи ифротгароӣ эътироф кардан аслан хатост. Худованд дар сураи “Бақара” зимни ояти 195 чунин мефармояд: «Дар роҳи Худо инфоқ кунед ва хештанро ба дасти хеш ба ҳалокат маяндозед (ба тарки инфоқ дар роҳи Худо) ва некӣ кунед, ки Худо некӯкоронро дӯст дорад».

Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин мавзӯъ чунин баён намуданд: «Гузашта аз ин, имрӯз дар миёни ҷаҳони Ислом ва Ғарб садҳо нофаҳмӣ ба вуҷуд омадааст, ки то рафт ин хатарноктар гардида истодааст. Мутаассифона, дар тафаккури доираи муайяни Ғарб чунин ақида ҷой гирифтааст, ки гӯё ифротгароӣ хоси табиати дини Ислом – яке аз динҳои ҷаҳонӣ бошад. Чунин муносибат ба мардуми мусулмон, ки аз уқёнуси Ҳинд ва Ором то уқёнуси Атлантика маскунанд ва панҷяки аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, аз рӯи инсофу адолат нест. Дини мубини Ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозуъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин, терроризм ва ифротгароиро бо Ислом пайванд додан хатои маҳз аст».

Бояд қайд кард, ки терроризм на танҳо ба дини Ислом, балки ба ягон дин, мазҳаб ва ё миллат хос нест. Ин суханҳои мазкур моро водор месозад, ки дини мубини Исломро минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор маънидод накарда, баракс бояд ҷаҳолату гумроҳиро як сӯ гузошта, ба ҷои он муқовимати тамаддунҳо, гуфтугӯи тамаддунҳоро сармашқи зиндагии хеш қарор диҳем. То замоне инсоният ба ин ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад.

Вобаста ба ин, ягон дини мавҷудбуда одамонро ба тундгароӣ, золимӣ, бераҳмӣ, куштани одамони бегуноҳ ва аъмоли фаҳш даъват намекунад, баръакс, масалан, дини Зардуштӣ, ки қарнњо аз Ислом пеш буд, ба рафтору гуфтору пиндори нек башариятро тарғиб менамуд. Ин динҳо одамонро ба рафтори парҳезкорона, олиҳимматӣ, риояи қонунҳо, эътироз ба зӯроварӣ ва дигар сифатҳои баланди инсонӣ даъват менамоянд. Аз рӯи адолат нест, ки ба дини инсонпарвар чунин падидањои номатлуб ба мисли тундгароӣ, золимӣ ва намудҳои гуногуни зӯроварӣ нисбат дода шавад.

Аксаран ҳаракатҳои ноодилона, рафтору муносибати бераҳмона ва дастгирӣ аз ҷониби абарқудратҳо ба он оварда мерасонад, ки баъзе ҷавонон ба эҳсосот дода шуда, ба корҳои ношоистаи гуногун даст зада, ҳатто худкушӣ кунанд, худро тарконанд ва гумон кунанд, ки бо ин роҳ қасос мегиранд. Қисми зиёди чунин рафторҳои ифротгароёна ҳамчун таассуб дониста шуда, онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум карда мешавад. Лекин он нафароне, ки баҳри ҳимояи Ватан ва сарзаминашон аз дасти истилогарон ё гурӯҳи террористон ҳалок мешаванд, қаҳрамон дониста, хотираи некашон боқӣ мемонад.

Ба ифротгароӣ ва хатарҳои он диққати ҷиддӣ додан лозим аст. Масалан, ифротгароёни сиёсӣ низ хатари бузург доранд, чунки онҳо бавуҷудорандаи дигар тамоюлҳои ифротгароӣ мебошанд, аз он ҷумла, онҳо динро барои манфиатҳои сиёсии худ сӯистифода мебаранд.

Барои пайдоши ифротгароӣ сабабҳо ва омилњои мушаххас вуҷуд дорад, ки барои муайян кардани он мо бояд ҷамъиятро омӯзем ва чунин зуҳуротро рафъ намоем. Бо роҳи зўрӣ, бо усули сахт ва бераҳмона бо ифротгароӣ мубориза бурдан хеле мушкил аст. Баръакс, рафтори боадолатона ва хирадмандона дар омӯзиши улуми инсонӣ имконият медиҳанд, ки чунин ҳодисаҳоро пешгирӣ карда шаванд. Дар бисёр ҳолатҳо сабабҳои муносибати одамон ба ҳаракатҳои тундрав ва ифротӣ боиси вайрон кардани ҳуқуқҳои онҳо, ноуҳдабароӣ дар таъмини тариқи муколама ва дарёфти ҳамдигарфаҳмӣ мешавад.

Байни гурўҳҳои ҷинояткори ифротӣ, дастаҳои террористӣ ва дигар унсурҳои мафиозӣ, аксар вақт ягон мақсади сиёсӣ ё миллӣ вуҷуд надорад. Онҳо фақат кӯшиш мекунанд, ки сарчашмаҳои калони молӣ ва иқтисодиро ба даст оварда, байни ташкилоту ҳаракатҳое, ки барои мақсад ва ҳуқуқҳои худ мубориза мебаранд, тафриқа гузоранд.

Омили дигари пайдоиши ифротгароӣ ин баланд шудани таъсири нуфузи хориҷӣ ба масъалаҳои дохилии кишвар аст, ки ба воситаи паҳн намудани таълимоту ғояҳои ҳизбҳои гуногун, ки хилофи таълимоти анъанавии ислом аст, мехоҳанд нооромӣ ва норозигиро байни ташкилотҳои динӣ ва мусулмонон ба вуҷуд оранд.

Айни замон афроди зиёде аз шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус ҷавонон, ба хотири таъмини ризқу рӯзии аҳлу оилаи худ ватани худро тарк намуда, дар Русия ва дигар кишварҳо кор мекунанд. Дар байни онҳо шахсоне ҳастанд, ки барои таъмини молиявии оилаи худ ба ҳама кор даст мезананд, аз ҷумла барои содир кардани ҷиноят омода ҳастанд. Аз вазъи иқтисодӣ истифода бурда, тадбирҳои мушаххас меандешанд, то ҷавононро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил намоянд. Барои ҳалли ин зуҳурот пеш аз ҳама ҳар як фардро зарур аст, ки дониши васеи динӣ ва сиёсї дошта бошад, то ба доми чунин ашхоси манфиатҷў наафтад.

 

Ғайратулло Файзуллоев,
омӯзгори кафедраи фарҳангшиносӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj