• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ЗИДДИ БЕГОНАПАРАСТИЮ ТЕРРОРИЗМ

Зарур аст, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмию эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободию пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Дар шароити муосир бояд ҳар як фарди ба дунё омада дар рӯҳияи худогоҳӣ ва хештаншиносии миллӣ ба воя расад, таъриху фарҳанг, маданият ва тамоми арзишҳои миллии хешро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намояд, ба қадри ҳар қатра шири сафеди модар ва ҳар дам ҳавои Ватан расад. Барои ин зарур меояд, ки тарбияву таълими дурустро ба роҳ монд, то ин ки насли ояндаи кишвар амали нек ва илмашро дар пешрафти диёри азизи хеш сарф намояд.

Се омили тарбия: оила, мактаб ва ҷомеаро зарур аст, ки бањри таълиму тарбияи насли ояндаи кишвар тамоми имкониятҳоро бо масъулияти баланд истифода баранд, то ин ки фарзандон њамчун насли ояндасози кишвар ба воя расанд. Оила аз рӯзи якуми узви ҷомеаро ба дунё овардан масъули саломатию таълим ва тарбияи он аст. Мактабу маориф яке аз бахшҳои афзалиятноки сиёсати ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, масъули ташаккули илму маърифат, тарбияи андеша, тафаккури миллӣ ва тайёр намудани мутахасисони ояндаи кишвар аст. Ҷомеа масъули дастгирӣ ба фаъолияти оилаву мактаб дар тарбияи насли ояндаи хеш ва муттаҳид будан дар пешрафти амнияти сулҳу суботи кишвар аст.

Пешбурди ҳаёт дар замони муосир баҳри ҳар як давлати ҷаҳон хело мушкил аст, зеро имрӯз дар тамоми сайёра вазъи сиёсӣ бисёр мураккаб аст. Бархӯрди тамаддунҳо, низоъҳои идеологию иттилоотӣ, аз миён рафтани фарҳангу забони баъзе миллатҳо дар рафти ҷаҳонишавӣ, гурӯҳҳои тундраву ифротгаро, экстремизму терроризм, амалӣ гардонидани нақшаҳои тарҳрезикардаи сиёсӣ баҳри ба даст овардани манфиат бисёр миллату давлатҳоро аз байн мебарад.

Яке аз мушкилиҳои мубрам ин бегонапарастист, ки мутаасифона, бархе аз ҷавонони мо пайравӣ бар фарҳанг, урфу одат ва идеологияҳои бегона мекунанд. Ҳол он ки миллати тамаддунофари тоҷик аз қадим то ба имрӯз соҳиби забону фарҳанги воло, таърихи чандинҳазорсола, адабиёти бою ғанӣ, расму русун ва урфу одатҳои хеш мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки фарзандони миллати тоҷик ҳеҷ вақт бегонапараст набуданд, балки фарзандони фарзона, қаҳрамонҳои сарсупурдаи миллат, адибони машҳур ва нобиғаҳои беҳамто буданд. Баҳри пойдор мондани миллат ва пешрафти илму фарҳанги насли оянда яке ҷон бохта, дигаре осор мерос гузоштааст.

Мутаассифона, вабои бегонапарастӣ миллати моро ба воситаи баъзе ҷавонони пайравикунанда аз идеология ва фарҳанги бегона таҳдид менамояд. Танҳо худогоҳӣ ва хештаншиносии миллӣ метавонад садди роҳи бегонапарастӣ гардад. Дар ин хусус сиёсатмадор ва истилоҳгарои охири асри ХIХ рус Пётр Столипин гуфтааст: “Халқе, ки дорои рӯҳия ва худогоҳии миллӣ нест, хоктӯдаеро мемонад, ки дар он решаи миллатҳои дигар сабз хоҳад шуд”.

Имрӯз гурӯҳҳои экстремизму терроризм риштаи шуури ҷавононро бо идеологияҳои сунъии бардурӯғ сохтаи худ, бо суистифода аз дин ва шабакаҳои интернетӣ дар гиреҳи худ афтонда, онҳоро бар сафи худ шомил мегардонанд. Ва аз ин гуна ҷавонон яроқи зинда алайҳи модар-Ватан, ҳайвонҳои хунхор алайҳи мардуми беозор ва кишварҳои осоишта тайёр менамоянд. Аслан таҳлил намоем, мутахассисони гурӯҳҳои номатлуб бисёртар бо ду роҳ ҷавононро ба сафи худ шомил гардонида ҳаёти онҳоро барбод медињанд.

Роҳи аввал сӯистифода аз дини мубини ислом аст. Мо бояд дарк намоем, ки мардум динро истифода ва гурӯҳҳои номатлуб сӯистифода аз дин мекунанд. Имрӯз сиёсатшиносон аз ҳар нигоҳ ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ва гароиши онҳоро ба сафи ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном давлати исломӣ баррасӣ намуда, ба хулосае расидаанд, ки аҳдофи гурӯҳе, ки иддаои хилофати исломӣ дар асри 21-ум менамояду шиораш муҳофизати дини ислом ва мусалмон аст, кору пайкори содирнамудааш на аз меъёри шариати ислом ва қуръону ҳадис аст, балки дар пушти пардаи он ғаразҳои бегона ба дини ислом ва афкори мусалмонон меистад.

Бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 китоби “Қуръон” бо забони тоҷикӣ нашр шуд, то ин ки мардуми кишвар, хусусан ҷавонон, худ хонанду фирефтаи идеологияҳои сунъии бардурӯғи гурӯҳҳои террористӣ нагарданд. Бале, воқеан ҳам ҳеҷ як ҷавони бохабар аз илми динӣ ва дунявӣ фирефтаи ин гуна гурўҳҳо намешавад.

Роҳи дувум тариқи шабакаҳои интернетӣ, аз қабили расонаҳои хабарӣ аст. Маълумотҳое, ки Созмони ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид нисбат ба гурӯҳи ба ном давлати исломӣ ва пойгоҳи иттилоотии он ба даст овардааст, нишон медиҳанд, ки ҳоло ин гурӯҳи террористӣ бо 13 забон дар сайтҳои интернетии худ иттилоот пахш менамояд ва ҷавононро дар кишварҳои гуногуни дунё ба сафи ин гурӯҳ ҷалб менамояд.

Мо метавонем яке аз роҳҳои дар зери ҳадафи мутахассисони гурӯҳҳои террористӣ қарор гирифтани ҷавононро шарҳ диҳем. Масалан, мо саҳифаи шахсии худро дар шабакаҳои иҷтимоии “Одноклассники” ё “Facebook” ва дигар шабакаҳо мекушоем ва аввал маълумотҳои аниқи шахсиамон: ному насаб, рақами телефон ва аксҳоямонро ворид менамоем. Мутахассиси равоншиноси террорист маълумотҳои шахсиямонро аз худ намуда, дарњол таҳлил карда мебарояд, ки дар саҳифаамон дӯстонамон киҳоянд ва дӯстони дӯстонамон низ киҳоянд, аз ҷиҳати равонӣ-психологӣ ба чӣ шавқ дорем, чиро дӯст медорем, ба кадом шарҳҳою суҳбатҳо ва аксҳо рамзи маъқулӣ, яъне “лайк” ё “класс”-ро пахш менамоем. Ӯ аллакай идеал, сатҳи маърифату савод ва ба чӣ рағбат доштанамонро омӯхта, бо мо дӯст мешавад, албатта, бо саҳифаи ғайривоқеии худ ва тибқи сустии иродаи мо амал намуда, идеологияамонро метавонанд дигаргун намуда, баъзеҳоро даъват бар ҷиҳод, баъзеҳоро ваъдаи пули зиёд, ё бар баъзеҳо Ватану модари моро сиёҳ намуда, худро на одамрабову террорист, балки ҳақкору ҳақҷў нишон дода, ҳаёти осоиштаи мардуми бечораро барбод медиҳад. Барои фирефта нашудан ҷавонони моро месазад, дорои мафкураи сиёсӣ буда, ҳамеша дар ҳама гуна масъалаҳои ҳаётӣ таҳлилгар бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз давлатҳои осоиштатарини рӯи олам ба ҳисоб меравад. Вале ин тинҷию оромӣ ба осонӣ ба мо муяссар нашудааст. Бадхоҳони миллати мо тибқи нақшаи тарҳрезишудаи сиёсӣ моро аз дохили худ ҷанг андохтанд. Ҳазорон ҷон қурбон, хонаҳо вайрон, модарону тифлон гирён ва як қисми халқ гуреза дар Афғонистон шуданд. Давлат дар дами барҳамхўрӣ ва миллат дар дами нестӣ қарор гирифт. Хушбахтона, Худованд ба оҳи дили модари тоҷик раҳм намуд ва аз миёни фарзандони барўманди тоҷик қаҳрамонеро миёни ҷанг роҳбари мардуми ранҷдида таъин намуд. Ин фарзанди фарзонаи тоҷик тавонист миллатро сарҷамъ намуда, бо меҳнати халқи пуршарафамон ва санъату сиёсати роҳбариаш Тоҷикистонро аз вартаи нестӣ раҳо намояд. Тавре шоир Раҷаб Ғаффор менависад:

Аз қудумат субҳи озодӣ мунаввар мешавад,
Ҳар гуле дар шохаи ваҳдат муаттар мешавад.
Тоҷикистонро зи гирдоби бало кардӣ бурун,
Тоҷиконро худшиносӣ тоҷ бар сар мешавад.

Пешвои миллат дар кишвар сулҳу ваҳдатро фароҳам овард ва мо мардуми кишвар бояд аз сулҳу суботи кишвар шукрона намуда, ҳар рӯз ҳаводиси солҳои гузаштаро ҳамчун дарси таҷриба пеши назар оварда, баҳри осудагию амният ва сулҳу суботи кишварамон аз як гиребон сар барорем. Душманро нагузорем аз оромии мо сўистифода кунад. Дар ҳар як рӯзи ором набояд бепарво бошем, балки дучанд бомасъулият бошем. Зеро Тоҷикистон бо Афғонистон сарҳади тўлонӣ дорад. Аз рӯи баъзе хабарњо имрӯз террористони гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар Афғонистон ба назар мерасанд. Илова бар ин дар ин давлати ҳамсояи ноороми мо гурӯҳҳои дигари мазҳабии террористӣ ҷойгиранд, ки ба оромии мо ва минтақа хавфу хатар доранд.

Агар худогоҳию хештаншиносии миллӣ садди роҳи бегонапарастӣ бошад, корҳои тарғиботӣ миёни ҷавонон ва ҷомеа метавонад садди роҳи гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ гардад.

Ягона роҳе, ки садди роҳи гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ мегардад, ин омода намудани гурӯҳҳои махсуси тарғиботӣ баҳри корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонону ҷомеа дар шабакаҳои интернетӣ, расонаҳои хабарӣ ва гузаронидани конфронсу мизҳои мудаввар, инчунин гузаронидани чорабиниҳои илмию сиёсӣ, фарҳангию варзишӣ миёни ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хондан, варзишу театр ва корҳои созандагии Ватан аз қабили шанбегиҳо мебошад, ки онҳоро аз бекорию беҳудагардӣ, бесаводию гаравиш ба гурӯҳҳои номатлуб ва даст ба ҷиноят задан бозмедорад.

Таъсис ва фаъолияти дастаҳои ҷамъиятии ҷавонон дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва созандагии кишвар, аз қабили дастаи “Волонтиёр”-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастаи “Авангард”-и назди Вазорати корҳои дохилӣ, дастаи ҷавонон “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон тавонистаанд дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон оид ба дастгирии ҷавонон нақши калон бозанд ва ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худогоҳиву хештаншиносии миллии ҷавонони кишварро дар дили онҳо зиёд гардонанд ва риштаи ақидаҳои онҳоро баҳри пешбурди рушди дурнамои ояндаи кишвар бо дарки шиори “Ҷавонон - ояндагони миллат” пайваст намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси КИ ҲХДТ санаи 16.02.2018 чунин иброз намуданд: “Мо бесабаб соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон накардем. Мақсад аз он иборат буд, ки сохторҳои ҳамаи зинаҳои ҳокимияти давлатӣ ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи бештар диҳанд, нерӯи зеҳниву ташкилотчигии онҳоро дар корҳои судманди илмиву эҷодӣ ва роҳбарӣ сафарбар намоянд”.

Дастгириҳои давлату ҳукумат ва хусусан Сарвари мањбуби кишвар нисбат ба ҷавонон ва фароҳам овардани тамоми шароитҳо баҳри мо ҷавонон моро водор месозад, ки ба қадри ин дастгириҳо расем ва ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат баҳри давлату миллат хизмат намоем.

Замони муосир талабгори ашхоси донандаи илму техникаи муосир, босавод, бомаърифат, эҷодкор, ихтироъкор, дорои мафкураи баланди сиёсӣ, худогоҳ ва хештаншиноси миллӣ, дорои зиракии сиёсӣ, донандаи забонҳои хориҷӣ ва ахлоқи намунавӣ аст. Пас, мо ҷавонони зодаи даврони истиқлолро месазад хонем, касб омӯзем, ҳамчун мутахассисони баландихтисос дар пешрафти Тоҷикистон саҳмгузор бошем.

Агар аз рӯзҳои аввали корнамоиҳои Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба имрӯз назар афканем, ин худ як мактаби роҳбарӣ аст. Ва мо, ҷавонони зодаи даврони истиқлол, дар мактаби роҳбарии Пешвои миллат ба воя расида, аз ин мактаб дарси худогоҳию хештаншиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ифтихори миллӣ, зиракии сиёсӣ, сулҳхоҳию ваҳдатофарӣ ва хизмати софдилона ба халқу Ватанро омӯхтаем.

Насли истиқлолу сулҳу ваҳдатем,
Пайравони Пешвои миллатем!

 

Шамсиддини Раҷабалӣ,
магистри факултети забонҳои романӣ-германӣ

 
free pokerfree poker

 


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: www.tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj