• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Баргузории викторина дар байни донишҷӯёни факултети таърих

Дар факултети таърих санаи 30-юми ноябр дар заминаи маҳфили “Ховаршинос” миёни донишҷӯёни курси якум викторина баргузор гардид. Маҳфилро  мудири кафедраи таърихи умумӣ С. Сайнаков оғоз намуда, иштирокчиёни маҳфилро доир ба марому манзалати маҳфил ва тарзи гузаронидани он  ошно намуд ва дар мавзӯи беҳтарин донандаи таърих ақидаҳои худро иброз кард. Роҳбари маҳфил Т. Наҷмиддинов доир ба тарзи гузаронидани викторина миёни донишҷӯён ибрози андеша намуда, хотиррасон сохт, ки ҳадаф аз баргузории маҳфилҳо баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва дар замири онҳо бедор намудани ҳувияти миллӣ ва баланд бардоштани савияи дониши таърихӣ мебошад.

 

Озмун бо истифода аз тахтаи электронӣ гузаронида шуда, тибқи низомнома ба донишҷӯён 5 шарт пешниҳод гардид: аз рӯи аксҳо муайян намудани шахсиятҳо; посух гуфтан ба саволҳои тестӣ; шарҳ додани  аксҳои таърихӣ; шарҳ додани  мафҳумҳои таърихӣ; посух гуфтан ба саволҳои тестӣ дар барнома.

Ҳакамон дар ҳайати омӯзгорон Шаҳлои Ш., Мирзоев Ф. ва Мирзоев М. баъд аз натиҷагирӣ муайян намуданд, ки ҷойи аввал ба дастаи “Хазинаи маърифат”-и донишҷўёни курси 1-уми ихтисоси таърих,  ҷойи дуюм ба дастаи  “Донандагони таърих”-и донишҷўёни курси якуми ихтисоси таърих-ҳуқуқ, ҷойи сеюм ба дастаи “Дурахшандагон”-и донишҷўёни курси якуми ихтисоси таърих-англисӣ насиб гашт.

Ҳамзамон донишҷўёни факултет дар атрофи  мавзӯъҳо баҳсу мунозираҳо анҷом дода, дар маҷмӯъ баргузории чунин чорабиниҳоро хеле хуб пазируфтанд. Чунки ташкил намудани ин гуна маҳфилҳо метавонад ҷаҳонбинӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти ватандории донишҷӯёнро баланд бардорад. Дар анҷом ғолибон аз тарафи садорати факултет бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj