• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Саломатии ҷомеа – гарави рушди неруи инсонӣ

Санаи 3-юми декабр дар толори калони бинои асосии донишгоҳ бо ташаббуси бахши кор бо духтарону занони факултети биология ва бахши кор бо духтарон ва занони донишгоҳ, шӯрои кураторон ва қисми тарбия таҳти унвони «Мубориза алайҳи бемории ВНМО» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ширкат варзиданд.

 

Чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷ.Мусоҷонова ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ аз ҷумла қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври ҳамешагӣ дар баромаду суханрониҳои худ бисёр масъалаҳои мубрамро, ки барои пешрафти ҷомеаи имрӯза нақши бузурге мебозанд, мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Тавре ки Президенти кишвар қайд намудаанд, нишондиҳандаи рушди нерӯи инсонӣ аз се самти асосӣ: дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборат мебошад. Аз ин суханон бармеояд, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо моро зарур аст, пеш аз ҳама, солимии ҷисмонию рӯҳии ҷомеаро таъмин созем.

Дар чорабинии илмӣ-фарҳангӣ Илҳом Раҳимов – сардори шуъбаи иҷтимоии тиббии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, Бодурова Парвина, Аминзода Нодир ва Қаюмова Умеда – кормандони ташкилоти мазкур иштирок ва доир ба пешгирии ВНМО, пайдоиш ва барангезандагони ин беморӣ, роҳҳои табобат ва бартараф кардани ин вирус маслиҳатҳои муфиду ибратбахш пешниҳод намуданд.

Дар қисмати охири чорабинӣ донишҷӯён дар мавзӯи матраҳшуда маърӯза намуда, саҳначае доир ба он пешниҳод намуданд. Инчунин миёни донишҷӯён саволу ҷавоб баргузор гардида, аз ҷониби декани факултети биология ба фаъолон «Ифтихорнома» супорида шуд. Чорабинӣ бо ширкати фаъоли меҳмонону донишҷӯён хеле муташаккилона ва хотирмон гузашт.


 
free pokerfree poker

 


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: www.tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj