• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Ҷисми солим – омили пешрафти таҳсили донишҷӯён

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладории духтарон ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим, муҳокимаи фаъолияти омӯзишӣ, зисту зиндагонии донишҷӯдухтарон дар хобгоҳ ва риоя намудани тарзи либоспӯшӣ санаи 5-уми декабр бахши кор бо духтарону занон бо иштироки муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳ Ҷамила Мусоҷонова ва табибони дармонгоҳи донишгоҳ Озода Камолова ва Роҳат Дадабоева бо донишҷӯдухтарон ва муаллимаҳои ҷавон тибқи дастурамал вохӯрии суманд гузарониданд.

 

Вохӯриро Г. Саидова – мудири бахши кор бо духтарону занони донишгоҳ оғоз намуда, ҳозиринро бо масъалаҳои баррасишаванда шинос намуд. Зимни суханронии хеш Ҷ. Мусоҷонова оид ба сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ғамхориҳои давлати Тоҷикистон нисбати соҳаи маориф суханронӣ кард.

Мудири дармонгоҳ - О. Камолова донишҷӯдухтаронро бори дигар бо қоидаҳои риоя намудани гигиенаи шахсӣ ва риояи одоби шарқӣ, чи дар донишгоҳ ва чи дар хобгоҳҳо, даъват намуд. Духтури занона Р. Дадабоева оид ба касалиҳои сирояткунанда ва роҳҳои пешгирӣ кардани онҳо, аз ҷумла оид ба бемориҳои занона маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуд.

Дар давоми вохӯрӣ миёни донишҷӯдухтарон ва табибон зимни пешниҳоди саволу ҷавобҳо суҳбати озоду самимӣ барпо гардид. Дар анҷоми вохӯрӣ Г. Саидова ба донишҷӯён сиҳҳату саломатии бардавом орзу намуда, баҳри расидан ба мақсадҳои оливу созанда, таҳсили хубу аъло ва интизоми намунавӣ муваффақиятҳо орзу кард.


 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj