• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Ҷавонон - дастгири ятимону маъюбон

Санаи 5-уми декабри соли ҷорӣ як гурӯҳ донишҷӯёни тоҷику туркман бо ташаббуси котиби шӯрои дифои донишгоҳ Розия Абдуллоева ба мактаб-интернати низомаш махсуси шаҳри Ҳисор ташриф оварданд. Донишҷӯён барои болидахотирии кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюбони муассиса чорабинии фарҳангӣ ташкил намуданд, ки дар он Малоҳат Холиқова – мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мавҷуда Холиқзода – муовини директори ШСКХ «Барқи тоҷик», Тошқул Намозов – мудири кафедраи тарбияи ҷисмонии донишгоҳ ва ҳайати тарбиятгирандагону кормандони муассиса ширкат доштанд.

 

Нахуст чорабиниро директори муассиса Бибиҳаво Шарофова ифтитоҳ намуда, аз дастгириҳои давлату ҳукумат ва махсусан аз ғамхориҳои Пешвои миллат нисбати чунин табақаи ҷомеа ёдовар шуд. Баъдан, Розия Абдуллоева наврасонро ба ватандӯстиву худшиносӣ ва пос доштани муқаддасоти миллӣ ҳидоят намуд. Инчунин иброз дошт, ки бояд ҳамагон пайрави асили Пешвои миллат бошем ва ҷавобан ба дилсӯзиву ғамхориҳои эшон зиракии сиёсиро аз даст надода, бо хонишу хубу аъло ба Ватан хидмат кунем.

Сипас, дар барнома аз ҷониби донишҷӯён раксу сурудҳои инъикоскунандаи фарҳанги ду кишвари ба ҳам дӯст – Тоҷикистону Туркманистон пешкаши ҳозирин гардид. Дар рафти он меҳмонон таълимгирандагонро ба рақс даъват карда, аз шодии эшон хешро болидарӯҳ намуданд. Дар охир аз ҷониби ШСКХ «Барқи тоҷик» барои ғолибони олимпиадаҳои варзишӣ медалу ифтихорномаҳо тақдим карда шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки хайр кардан ин аз ойинҳои аҷдодии мо буда, дар интиҳои барнома ҳамчун рамзи меҳрубониву дилсӯзӣ ба кӯдакон аз ҷониби меҳмонон шириниҳо тақсим карда шуд. Ҳамзамон бо вуҷуди таъмин будани шарту шароити мавҷуда дар мактаб-интернат хӯроки нисфирӯзӣ аз ҳисоби меҳмонон ташкил гардид.

Саидаброр Саидӣ,
волонтёри Шӯрои кураторони донишгоҳ


 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj