• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Конфронс: «Ҷавонон – муаррифгари давлату миллат»

Шуъбаи кор бо ҷавонон ва кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ санаи 5-уми декабр дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Ҷавонон – муаррифгари давлату миллат» баргузор намуданд, ки дар он сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Иброҳимзода Амир, омӯзгорони муассисаҳои олии касбии пойтахт ва муассисаҳои миёнаи умумии ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.

 

Сараввал мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи И. Сомонӣ Иброҳимзода Амир ба роҳбарияти донишгоҳ барои муҳайё намудани шароити баргузории чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намуда, доир ба саҳми назарраси ҷавонон дар ободу хуррамгардонии кишвар изҳори андеша кард. Сипас сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар муаррифии давлату миллат» суханронӣ намуда, аз иштироки фаъолонаи варзишгарон ва донишҷӯён дар мусобиқаҳои варзишии ҳудуди шаҳри Душанбе изҳори сипос намуд.

Дар охири конфренсия дар робита бо ҷамъбасти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба устодони соҳаи варзиши муассисаҳои олӣ ва муассисаҳои миёнаи умумии ҳудуди ноҳия, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ иштироки фаъолона доштанд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Боиси тазаккур аст, ки ду нафар устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандии донишгоҳи мо Олим Розиқов ва Аҳмад Иззатов низ дар ин радиф бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Шуъбаи кор бо ҷавонон ва кумитаи иттифоқи
касабаи донишҷӯёни ДДОТ ба номи С. Айнӣ


 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj