• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ВА ПЕШГИРИИ ХАТАРҲОИ МУОСИР

Ҷаҳони имрӯз бо ворид гардидан ба марҳалаи ҷаҳонишавӣ бо хатарҳое рӯ ба рӯ мегардад, ки ин хатарот на танҳо ба амнияту суботи кишварҳои алоҳида, балки ба кулли мамолики ҷаҳон таҳдид мекунанд. Ба қатори чунин хатарҳо метавон афзоиши терроризм ва экстремизми диниро мансуб донист, ки коршиносон ва сиёсатмадорон як қатор омилҳоро сарчашма ва заминаи ин падидаи хавфноки замони муосир меҳисобанд.

 

Ин омилҳо, пеш аз ҳама, гароиши ҷавонон ба ҷараёнҳои экстремистии динӣ, афзоиши ақидаи фундаменталистӣ дар байни наврасону ҷавонон ва тағйир додани мафкураи онҳо мебошад. Ба ривоҷи ин рӯҳия дар байни ҷавонон як андоза канораҷӯӣ намудани ниҳодҳои салоҳиятдор аз таъмин ва тарғиби ҳаёти солим, арзишҳои суннатии ахлоқию мазҳабӣ, паст рафтани сатҳу сифати чорабиниҳои фарҳангӣ ва тарбиятӣ, бетарафӣ зоҳир намудани қишри таъмиргузори ҷомеа, хосса аҳли илму фарҳанг, устодон, волидайн ва умуман ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат менамояд. Дар натиҷаи камфаъолиятии ниҳодҳо ва ашхоси номбурда дар зеҳни насли ҷавон тайи даҳсолаҳои ахир холигӣ ба вуҷуд омада истодааст, ки метавонад ҳар гуна мафкураи идеологияи ҷадид онро пур кунад.

Тарғибгарони акидаҳои экстремистӣ аз василаҳои муосири иттилоотӣ, интернет ва хосса шабакаҳои иҷтимоӣ истифода менамоянд, ки хавфи бештареро дар ташаккули ақоиди экстремистӣ дар байни ҷавонон ба бор меорад. Мо дар дохили кишварҳои худ шояд бо роҳҳое тарғиби ин ақидаҳои зарароварро маҳдуд карда тавонем, вале раванди муҳоҷират ва ҳиҷрати ҷавонон бо сабабҳои гуногун ба кишварҳои дигар падидаи идоранашаванда гардидааст. Чунон ки ба назар мерасад, солҳои ахир аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ пайвастаанд, аз тариқи муҳоҷират бо онҳо иртибот пайдо кардаанд. Тибқи оморҳои расмӣ, ба ин гурӯҳҳо асосан ҷавононе, ки дар оғози роҳи зиндагии мустақилона қарор доранд, гароидаанд, ки ин хеле ташвишовар мебошад. Таркиби синнусолии ҷавонони мо, ки ҳамчун узви ин идеяҳо ба қайд гирифта шудаанд, чунин аст: аз 35 то 40-сола 424 нафар, аз 30 то 35-сола 367 нафар, аз 25 то 30-сола 917 нафар, аз 20 то 25-сола 696 нафар ва аз 17 то 19-сола 39 нафар. Чунон ки мебинем, беш аз ҳама ҷавонони аз 25 то 30-сола ба ин равияҳо ҷалб шудаанд. Воқеан, инсон дар ин марҳалаи синнусолӣ хеле ҳассос ва ҷӯё мебошад. Ќувваи зиёди ҷисмонию рӯҳониро дар худ эҳсос менамояд ва мехоҳад, ки онро дар ҷое истифода кунад. Вақте ки мо ин неру ва қувваи ҷисмонию рӯҳонии ҷавононро ба самти лозимӣ, ба манфиати ҷомеа ва бо маќсади беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии худи онҳо масраф карда наметавонем, бо чунин падидаи нодуруст рӯ ба рӯ мегардем. Мувофики омори расмӣ то сентябри соли 2018 шумораи ҷавонони ба сафҳои созмони террористии давлати исломӣ ҷалбшуда аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 1899 нафарро ташкил медиҳад. Илова бар ин, оилаҳои зиёде бо роҳҳои гуногун ба ин созмонҳо ҷалб шудаанд ва имрӯз дар Сурияву Ироқу Афғонистон ҳастанд. Ин хонаводаҳо ба кушта шудани саробонашон дар ҷангҳо дар кишварҳои бегона сарсону саргардон ҳастанд.

Бояд гуфт, ки айни замон масъалаи хатарҳои экстремистию террористӣ ба як мушкилии глобалии ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Имрӯз ягон кишвари дунё аз ин хатарҳо дар канор нест. Аз байн бурдани ин падидаи хатарнок талаб менамояд, ки роҳу васила ва имкониятҳои мавҷуда муташаккилона, ҳадафмандона ва бо самар истифода шаванд, ин хатарҳо бояд беш аз ҳарвақта ҷомеаи ҷаҳониро муттаҳид созанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири иштироки фаъолона дар самти мубориза ба муқобили хатарҳои ҷаҳони муосир “Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солои 2016-2020”-ро таҳия ва ќабул намуд. Тибқи ин барнома тайи чанд соли охир дар кишвар корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ ва профилактикӣ ташкил карда шуданд. Дар натиҷа нафарони зиёди гумроҳ аз сафҳои гурӯҳҳои террористӣ аз хориҷи кишвар ба ватан баргардонида шуданд. Инчунин раванди шомилшавии ҷавонон ба ин созмонҳо пешгирӣ шуда истодааст, ки ин воқеан натиҷаи амалии барномаи мазкур аст. Мувофиқи оморҳои расмӣ ва дар натиҷаи бурдани корҳои тарѓиботию фаҳмондадиҳӣ 175 нафар шаҳрвандони кишвар, ки ба ҷодаи гумроҳӣ афтода буданд, ба ватан баргардонида шуданд. Аз ҷумла, танҳо дар соли 2018 дар маҷмӯъ 75 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ватан баргардонида шуд, ки ин натиҷаи амалии фаъолияти мақомоти дахлдори кишвар аст. Барои боз ҳам босамартар гардидани раванди амалисозии барномаи мубориза ба муқобили экстремизму терроризм ҳамкории бештари маќомоти дахлдор бо ҷомеаи шаҳрвандӣ лозим аст. Ин ҳамкорӣ бояд ҳадафмандона, муассир ва амалишаванда бошад. Чунки масъулияти бехатарӣ, сулҳу субот ва амнияти кишвару ҷомеа дар баробари ниҳодҳои давлатӣ инчунин бар дӯши ҳар як шаҳрванди кишвар низ мебошад.

Ш. Солеҳов,
мудири кафедраи назария
ва таърихи адабиёт

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj