• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Нақши занон дар ҷомеа муҳим дониста шуд

Ҳафтаи равон дар факултети забон ва адабиёти рус мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши зан дар ҷомеаи имрӯза» баргузор гардид. Њадаф аз баргузории ҳамоиш таваҷҷуҳ ба баланд бардоштани ҳуқуқи занон дар ҷомеаи имрӯза дониста шуда, масъалаи мазкур ҳамчун яке аз мушкилоти мубрам диққати донишмандон ва муассисаҳои тадқиқотиро ба худ ҷалб карда, як мушкили бузурги гендерӣ дониста мешавад, - қайд карда шуд дар ифтитоҳи чорабинии илмию маърифатӣ.

 

Декани факултет Ҷ. Исломова ҳамагонро барои эҳтироми зан-модар талқин намуда, иброз дошт, ки ин мафҳум хеле густурдаву васеъ аст. Зан-модар асоси ҷомеа, тавлидкунандаи насли инсоният, сутуни ҳар хонадон ва чароғи кошонаи тамоми мардуми рӯи олам мебошад. Сипас, раиси шӯрои кураторон Г. Баротова қайд намуд, ки зан-модар чун қаҳрамони пайкору набардҳо ба осори адабии мардуми машриқзамин ворид шуда, натанҳо дар сарнавишти ақвоми ориёӣ, ҳамчунин дар адабиёти тамоми дунё таъсири бузург расонидааст. Аз ин рӯ қисми зиёди шоирону нависандагони ғарбӣ ва қавму миллатҳои дигар персонажҳои адабиёти форсу тоҷикро чун намунаи беҳтарину барҷаста пазируфтаанд, ки ин нишонаи ифтихор ва соҳибқаламу соҳибтамаддун будани моро нишон медиҳад.

Дар мизи мудаввар аз видеороликҳо истифода бурда шуда, устодону донишҷӯён ҷанбаҳои гуногуни мушкилоти ҳуқуқиву иҷтимоии занонро баҳсу баррасӣ намуданд.


 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj