• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Баргузории конфронс оид ба проблемаҳои таълими салоҳиятнок

Санаи 15-уми декабр дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Проблемаҳои татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ ва технологияи информатсионӣ” оғоз ёфт. Дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронси илмӣ-амалӣ, ки ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, олимону муҳаққиқони соҳа ва аспирантону донишҷӯён ширкат варзиданд.

 

Пас аз сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ академик Носирҷон Салимӣ олимону мутахассисон, аз ҷумла доктори илмҳои педагогӣ, профессор, узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон М.Нугмонов дар мавзӯи “Моҳияти муносибати босалоҳият дар таълими фанҳои табиӣ-риёзии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” ва муовини директор оид ба илм ва инноватсияи Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи АТТ номзади илмҳои педагогӣ, дотсент С.Шарофзода дар мавзӯи “Салоҳияти касбии омӯзгор ва роҳҳои ташаккули он” суханронӣ ва музокира намуда, суолу пешниҳодҳо шунида шуд.

Пас аз анҷоми қисмати ифтитоҳӣ конфронси илмӣ-амалӣ кори худро тибқи барнома дар факултету кафедраҳои донишгоҳ дар бахшҳои марбута, аз қабили бахши масъалаҳои умумии муносибати босалоҳият дар таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ ва бахшҳои методикаи таълими физика, методикаи таълими математика, нақшакашӣ ва санъати тасвирӣ, методикаи таълими химия, методикаи таълими биология, методикаи таълими география, методикаи таълими технологияи информатсионӣ, методикаи таълими таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогика идома дод.


 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj