• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Маҳфили илмию адабӣ бахшида ба гиромидошти Сайидои Насафӣ

Дар толори факултети филологияи тоҷик санаи 20-уми декабр ба муносибати 400-солагии суханвари бузурги тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ маҳфили илмию адабӣ таҳти унвони “Мақоми Сайидои Насафӣ дар шеъру адаби тоҷик” баргузор шуд. Дар чорабинӣ устодону донишҷӯён ширкат намуда, оид ба ҳаёт ва эҷодиёти шоир маърӯзаҳо шунида шуд ва барномаи адабӣ бо қироати шеърҳо аз сурудаҳои шоир пешкаш гардид.

 

Декани факултет номзади илмҳои филологӣ, дотсент Б. Шарифов дар мавзӯи “Сайидо ва шеъри ӯ” ва дотсенти кафедраи назария ва таърихи адабиёт А.Шоев дар мавзӯи “Пайравии Сӯфихоҷа аз Сайидо” суханронӣ намуданд. Дар маҳфил аз ҷумла қайд гардид, ки ин шоири тавонои тоҷик аз худ осори баландмазмуни зиёде мерос гузоштааст, ки аз ҷумлаи дурдонаҳои таърихи адабиёти тоҷик маҳсуб меёбанд. Мероси адабии шоир дар шакли куллиёт ва девони ашъор боқӣ монда, фарогири ғазалиёт, қасидаву маснавиҳо, мухаммасу мусаддас, рубоиёту қитъаҳо, асарҳои тамсилии «Баҳориёт» ва «Шаҳрошӯб» мебошад. Ашъори Сайидо рангин ва дорои мазмунҳои бикр буда, дар онҳо диду нигоҳи нав ва сабку услуби хоссаи шоир, истифодаи таъбиру ибораҳои латиф ба мушоҳида мерасад.

Мавриди тазаккур аст, ки баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангӣ ба хотири гиромидошти шахсиятҳои маъруфи гузашта ва муосир, омӯзиш ва таълими осору афкори онҳо аз самтҳои муҳими сиёсати ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ дар саросари кишвар 400-солагии шоири бузурги тоҷик Сайидои Насафӣ ҷашн гирифта мешавад ва қарори мазкурро Бунёди илму маориф ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) низ дастгирӣ намудааст.


 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj