• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ЗАБОНОМӮЗӢ - АМРИ ЗАМОН

Тайи даҳсолаи ахир Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан ба марҳилаи комилан ҷадид ва болотари рушд ворид гардида истодааст, ки он вазифа ва аҳдофи навтару муҳимтареро ба миён мегузорад. Ин нуқтаи муҳимро имрӯзҳо ҳар нафар шаҳрванди кишвар аз Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дарку маърифат менамояд. Дар Паёми Сарвари давлат нуқтаҳои муҳиме ҳастанд, ки ба ин масъала ишорат менамоянд. Дар Паём вазъи кунуни рушди соҳаҳои асосии ҳаёти кишвар    дар партави равандҳои муосири ҷаҳонӣ баррасӣ мешавад. Воқеан, паёмадҳои равандҳои ҷаҳонӣ ба рушду инкишофи ҷумҳурии мо, ки ҳамасола равобити иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсиаш бо кишварҳои хурду бузурги ҷаҳони муосир дар ҳолати рушди пайваста аст, бетаъсир нахоҳад буд.

 

Солҳои ахир Тоҷикистон бо чандин ташаббусҳои созанда баромад намуд, ки онҳо аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтанд. Аз ҷумла, 22 марти соли 2018 дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об аз тарафи СММ ташаббуси чоруми Тоҷикистон дар соҳаи об дастгирӣ ёфт ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» эълон гардид. Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори ҳалли мушкилоти марбут ба об дар ҷаҳони имрӯз эътибору маќоми баланд пайдо намуд, ки ин боиси ифтихори мардуми мо аст.

Вазъияти кунунӣ ва рушди минбаъдаи соҳаҳои асосии ҳаёти ҷомеаи кишварро таҳлил намуда, Сарвари давлат ба масъалаи тарбияи кадрҳои бо дониши муосир мусаллаҳ ишора намуданд. Дар Паём масъалаи забономӯзии ҷавонон ва махсусан, донистани забони русӣ ва англисӣ махсус таъкид шуд:

“Ҳанӯз соли 2013 фармони Президенти кишвар дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ қабул шуда буд. Вале таҳлилҳо нишон медиҳад, ки натиҷаҳо дар ин масъала чандон қонеъкунанда нестанд. Агар мо хоҳем, ки бо ҷомеаи пешрафта баробар ќадам гузорем, бояд ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳем”.

Ба хотири ислоҳи вазъи мазкур дар самти омӯзиши забонҳои хориҷӣ Сарвари давлат ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Академияи илмҳо ва ниҳодҳои дигари дахлдорро вазифадор намуд, ки дар нимаи аввали соли 2019 барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоянд. Чунин вазифагузории Сарвари давлат то чи андоза муҳим будани ин масъала дар ҳаёти ҷомеаи кишвар мебошад. Бояд гуфт, ки масъалаи тайёр кардани кадрҳои ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ, бомаърифат, забондон ва худшиносу ватанпарвараст, ҳамеша зери назорати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бо ибтикори сарвари давлат ҳамасола садҳо нафар хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои идомоти таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои тараққикардаи дунё фиристода мешаванд. Ин ҷавонон дар баробари касбомӯзӣ, ба муҳити забонӣ ворид гардида, дониши забонии худро такмил медиҳанд. Аммо ин талаботи афзояндаи кишварро қонеъ намегардонад. Ба ҳамин хотир сарвари давлат дар самти омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ таҳияи барномаи нав ва пиёда кардани босамарии онро тақозо намуданд, ки ин дар шароити кунунӣ амри воқеӣ мебошад. Аз тарафи дигар, дар замони муосир донистани забонҳои ҷаҳонӣ ниёзи муҳими ҳар як кишвари тараққиёбанда мебошад. Ба ҳамин хотир дастури Сарвари давлат ниҳодҳои дахлдори давлатӣ, ашхоси масъул, муаллимону омӯзгорони забонҳои русию англисӣ, падару модарон ва ҳаёти ҷомеаи кишварро вазифадор менамояд, ки дар амалӣ сохтани барномаи нави омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ саҳми худро гузоранд.

Ш. Солеҳов,

мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёт

 
free pokerfree poker

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: www.tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj