• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
КИТОБҲОИ ТОЗАНАШР

 

РӮЙХАТИ КИТОБҲОИ ТОЗАНАШРИ ДОНИШГОҲ

 

 


 

Номи китоб: Табиат-гаҳвораи инсон
Муаллиф: Холназар Муҳаббатов
Ҷой ва соли нашр: Душанбе: “Адиб”, 2018. - 320 саҳ.

Дар китоби доктори илми география Холназар Муҳаббатов, ки аз муҳаққиқони варзидаи соҳа дар қаламрави пасошӯравӣ ба ҳисоб меравад, силсилаи очеркҳои илмии омавии мавсуф гирд омадаанд, ки ба таҳқиқи масоили умдаи истифодаи оқилонаи обу замин дар кишвару минтақа, зарурати корбурди босамари кону захираҳои табиъии зеризаминӣ, беҳбуди умури ҳифзи муҳити зисту болобурди маърифати экологии мардум, мақоми муҳоҷирату туризму сайёҳӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар пешрафти мамлакат, ҳамчунин фарозу нишеби бунёди неругоҳҳои барқии обӣ, нақлиёту муҳити атроф, низому шаҳру шаҳрдорӣ, татбиқи амалии дастовардҳои олимон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иқтисоди ҷумҳурӣ ва ғ. бахшида шудаанд. Китоб метавонад барои тамоми табақаҳои мардуми кишвар, алалхусус, олимону кормандони мақомоти давлатӣ ва донишҷӯёну омӯзгорон раҳнамову судовар бошад.




 

 

Номи китоб: Маводи конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Аҳмади Дониш дар саргаҳи  гузариш аз донишҳои таърихӣ ба илм”
Муҳаррири илмӣ: н.и.т., дотсент Аҳмадхон Муродзода
Муҳаррири филологӣ: д.и.ф., профессор Абдусамади М.
Ҷой ва соли нашр: Душанбе, 2018. - 150 саҳ.

 

Дар маҷмӯаи мазкур маърӯзаҳои конфронси илмӣ – назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Аҳмади Дониш дар саргаҳи гузариш аз донишҳои таърихӣ ба илм”, ки санаи 20-уми декабри соли 2017 дар ДДОТ ба номи С.Айнӣ баргузор гардид, ҷой дода шудаанд. Мавод барои муҳаққиқон, омӯзгорону донишҷӯёни макотиби олии кишвар ва доираи васеи хонандагону ҳавасмандони таърихи кишвар пешкаш мегардад.

 

 


 

 

 

Номи китоб: Олегофренопедагогикаи умумӣ ва томактабӣ
Муаллифон: Раҷабгул Рамазонова, Савригул Мирзоева
Ҷой ва соли нашр: Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2018. – 184 саҳ

Комплекси таълимӣ-методии фанни “Олегофренопедагогикаи умумӣ ва томактабӣ” ба сифати маводи омӯзиши барои омӯзгорону донишҷӯёни ихтисоси “Олегофренопедагогигика – таърих”-и донишгоҳу донишкадаҳои омӯзгорӣ ва соҳавӣ таҳия шуда, дар он муҳимтарин талаботҳои низоми кредитии таҳсилот ба инобат гирифта шудааст.
Истифодаи маводи мазкур имконият медиҳад,ки ҳаводорони фан соҳиби дониши назариявӣ, малакаи тахассусӣ ва ба як қатор салоҳиятҳои касбӣ ноил гарданд. Матни лексияҳо, маводи дарсҳои амалӣ, номгӯи супоришҳо барои машғулиятҳои КМДРО ва КМД, шарҳи мафҳумҳои асосӣ ва истилоҳоти илмӣ, феҳристи адабиётҳои асосӣ ва иловагӣ барои мустақилона аз худ намудани мавзӯъҳо ва ҳалли масъалаҳои гузошташуда мусоидат карда метавонанд.




 

 

Номи китоб: Машъалафрӯз
Муаллифон: Боймурод Шарифзода, Ҳамза Боқиев
Ҷой ва соли нашр: Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2018. – 260 саҳ.

Маҷмӯаи мазкур ба ифтихори 140-солагии усод Садриддин Айнӣ тартиб ёфта, аз мақолаҳо, дидгоҳҳо ва назарҳои адибону донишмандон ва муҳаққиқони номовари хориҷӣ фароҳам омадааст. Ин китоб ба масал оинаест, машъалафрӯзии устод Айниро дар қаламрави тамаддуни ҷаҳонӣ, ба вижа, фарҳанги куҳанбунёди машриқзамин ба намоиш мегузорад.


 

 

 


 

 


Номи китоб: Забони тоҷикӣ
Муаллиф: Саидмуроди Хоҷазод
Ҷой ва соли нашр: Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2017. – 138 саҳ.

Дастури таълимӣ барои навомӯзон ва донишҷӯёни гурӯҳҳои туркмании макотиби олӣ пешбинӣ шудааст. Китоб аз се фасл иборат буда, фасли аввал фарогирии бахшҳои савтиёт ва имло, нутқи шифоҳӣ, хониши матнҳо, нутқи хаттӣ ва ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ мебошад. Фасли дуюм матнҳои ҷолиб дар мавриди забону фарҳанг ва сарватҳои маънавии тоҷиконро дар бар гирифта, фасли сеюм аз луғати фонетикӣ, грамматикӣ ва луғати мухтарасари муҳовара таркиб ёфтааст.

 

 

 

 


 

 

 

Номи китоб: Сотсиология
Муаллифон: Зикиров Ҳ., Мирасанов М.
Ҷой ва соли нашр: Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2017. – 118 саҳ.


Комплекси таълимӣ-методии фанни "Сотсиология" ба сифати дастури омӯзишӣ барои омӯзгорону донишҷӯёни тамоми ихтисосҳои донишгоҳу донишкадаҳои омӯзгорӣ ва соҳавӣ, коллеҷҳои омӯзгорӣ ва касбию техникӣ омода шуда, дар он муҳимтарин талаботҳои низоми кредитии таҳсилот ба инобат гирифта шудааст. Истифодаи маводди мазкур имконият медиҳад, ки ҳаводорони фан соҳиби дониши назариявӣ, малакаҳои тахассусӣ ва ба як қатор салоҳиятҳои касбӣ ноил гарданд. Матни лексияҳо, маводи дарсҳои амалӣ, номгӯи супоришҳо барои машғулиятҳои КМДРО, КМД, шарҳи мафҳумҳои асосӣ ва истилоҳоти илмӣ, феҳристи адабиёти асосӣ ва иловагӣ барои мустақилона аз худ намудани мавзӯъҳо ва ҳалли масъалаҳои гузашташуда мусоидат мекунанд.

 

 

 


 

 



Номи китоб: Калила ва Димна
Муаллиф: Шамсиддин Солеҳ
Ҷой ва соли нашр: Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2016. – 314 саҳ.

“Калила ва Димна” яке аз асарҳои беҳтарини классикӣ ба ҳисоб меравад ва ҳикоёту масъалаҳои ахлоқиро аз ҳаёти паррандагон ва чарандагон дар бар мегирад.

 

 

 


 

Номи китоб: Таърихнигории давраи нави мамлакатҳои
Европа ва Америка
Муаллифон: Сайнаков С., Садиров Ш., Азизов С.
Ҷой ва соли нашр: Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2018. – 180 саҳ.

Китоби мазкур таърихнигории давраи нави мамолики пешбари Ғарбро дар бар мегирад. Дар он давраҳои асосии таърихнигорӣ, фаъолияти илмии муҳаққиқону муаррихони забардасти Ғарб, макотибу равияҳои мухталифи таърихнигорӣ ва назарияву консепсияҳои асосии таърихнигории замони нави давлатҳои пешбари Ғарб инъикос ёфтааст. Китоб барои омӯзгорону донишҷӯёни факултетҳои таърихи мактабҳои олӣ ва доираи васеи шавқмандони таърихнигории таърихи умумӣ пешкаш мегардад.

 

 


 

 

Номи китоб: Табли озодӣ дар аҳди бедодӣ
Муаллиф: Ҳайдаршоҳ Пирумшо
Ҷой ва соли нашр: Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2018. –  353 саҳ.

Рисолаи илмии мазкур ба таҳқиқи бузургтарин ҳаракати мардумии охири садаи ХIХ Бухорои Шарқӣ - шӯриши Восеъ, ки соли 2018 130-солагии он дар кишвар таҷлил гардид, бахшида шудааст. Муаллиф  дар заминаи санадҳои боэътимод: маводи бойгонӣ, асарҳои илмию пажӯҳишии муҳаққиқони риштаи таърих, хотираву ёддоштҳо, эҷодиёти шифоҳии мардум ва адабиёти бадеӣ таърихи муфассали ин қиёми халқиро ба қалам додааст.

 

 

 

 


 


Номи китоб: Асосҳои давлат ва ҳуқуқ
Муаллиф: Олимов Сулҳудин Мирзоавлиёевич
Ҷой ва соли нашр: Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2018. –  171саҳ.

Фанни таълимии Асосҳои давлат ва ҳуқуқ тибқи барномаи таълимӣ омӯхта мешавад. Омӯзиши фанни мазкур барои шинос намудани донишҷӯён бо вазъи  кунунӣ, самтҳои инкишоф ва дурнамои низоми ҳуқуқии Тоҷикистон, бархӯрдорӣ аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, шаклҳо ва усулҳои амалӣ намудани онҳо, ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳо, баланд гаштани сатҳи шуури ҳуқуқӣ аҳамияти муҳим дошта, ҳуқуқ ва маърифати шаҳрвандонро баланд мекунад.

 

 

 

 



 

 

Номи китоб: Психология. Муқаддимаи ихтисоси психолог
Муаллифон: Е.Л.Дотсенко, Р.Атохонов, О.С.Андреева
Ҷой ва соли нашр: Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2018. –  220 саҳ.

Дастури таълимӣ аз 5 қисм иборат аст, ки дар онҳо ҷабҳаҳои гуногуни тараққиёти касбии донишҷӯён-психологҳо инъикос ёфтаанд: тафовути байни тасаввуротҳои маишӣ ва касбӣ дар бораи психология ҳамчун илм ва психолог ҳамчун дорандаи ххудшиносии касбӣ. Мазмуни соҳаҳои психология ва доираи фаъолияти психологҳои амалӣ ҳам тавсифи худро ёфтаанд. Китоби мазкур аҳамияти таълимӣ ва амалӣ дошта, барои доираи васеи донишҷӯёну омӯзгорон ва мухлисони илми психология таҳия шудааст.

 

 

 


 

 

 

 

  • Номи китоб: История древнего востока
  • Муаллифон: Абдусалом Валиев, Толибшох Наджмуддинов
  • Ҷой ва соли нашр: Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2018. –  238 стр.
  • В учебном пособии рассматриваются история возникновения, развития и распада рабовладельческих государств в Древнем Востоке. Учебное пособие предназначено студентом исторических факультетов.

 

 

 

 

 

 


 



Номи китоб: Қодирий бадиияти муаммолари
Муаллиф: Юсуфали Шоназаров
Ҷой ва соли нашр: Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2018. –  292 саҳ.

Монографияда мумтоз адиб Қодирий ҳикояларнинг мумтоз бадиияти, роман жанрига оид изланишлари, бадиий ҳажви янгиликлари, детектив тасвир белгилари, тожик тили унсирларидан фойдаланиш маҳорати, Айнӣ билан ижодий  муносабатлари муаллифнинг узоқ йиллар давомаги тажрибалари асосида тадқиқ ва талқин қилинган.

 

 

 

 


 


Номи китоб: Корҳои беруназсинфӣ аз биология
Муаллифон: Баротов К., Одинаев Н., Хидиров Ғ.
Ҷой ва соли нашр: Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2018. –  144 саҳ.

Дар дастури таълимӣ-методӣ методикаи истифодабарии корҳои беруназсинфӣ дар таълими биологияи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пешниҳод шудааст.

 

 

 

 

 

 


 


Номи китоб: Сухан ва суханварон
Муаллифон: Бадеъуззамони Фурӯзонфар
Ҷой ва соли нашр: Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2018. – 288 саҳ., ҷилди 2

Муҳтавои ҷилди дуюми китоби "Сухан ва суханварон"-и Бадеъуззамони Фурӯзонфар маводи ҷолиби илмӣ ва таълимиро аз рӯзгору осори шоирони доираи адабии Ироқи Аҷам ва Озарбойҷони асрҳои ёздаҳ ва дувоздаҳи мелодӣ фаро гирифтааст. Китоб барои донишҷӯёни факултетҳои филологии донишгоҳҳои олӣ, омӯзгорон, муҳаққиқон ва мухлисони шеъри классикӣ тавсия карда мешавад.

 

 

 

 

 


 

 

 

Номи китоб: Сухан ва суханварон
Муаллиф: Бадеъуззамони Фурӯзонфар
Ҷой ва соли нашр: Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2018. – 288 саҳ., ҷилди 1

Ҷилди якуми китоби "Сухан ва суханварон"-и Бадеъуззамони Фурӯзонфар маводи ҷолиби илмиро доир ба эҷодиёти шоирони доираи адабии Хуросон ва Мовароуннаҳр аз Ҳанзалаи Бодғисӣ то Рашиди Ватвот фаро гирифтааст. Китоб барои донишҷӯёни факултетҳои филологии донишгоҳҳои олӣ, омӯзгорон, муҳаққиқон ва мухлисони шеъри классикӣ тавсия карда мешавад.

 

 

 


 

Номи китоб: Геометрияи аналитикӣ
Муаллифон: Латипов Сафаралӣ, Норов Қурбон, Авезов Раҷаббек
Ҷой ва соли нашр: Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2018. – 134 саҳ.

Китоби мазкур мувофиқи барномаи таълимӣ ва стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ омода карда шудааст. Китоб барои донишҷӯёни курсҳои якуму дуюми факултетҳои математика ва физикаи донишгоҳҳо ва барои иҷрои корҳои мустақилонаю рейтингҳо ва имтиҳонҳо тавсия мешавад.

 

 

 

 


 

Номи китоб: Андар шинохти тоҷикон
Таҳиякунандагон: Носирҷон Салимӣ, Насрулло Убайдуллоев
Ҷой ва соли нашр: Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2018. –  142 саҳ., ҷилди 3

Маҷмӯаи мазкур китоби сеюм аз силсилаи "Андар шинохти тоҷикон" буда, мақолаҳои Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айниро доир ба маънии калимаи тоҷик, таърихи пайдоиш ва истифодаи он, таърих, фарҳанг ва этногенези тоҷикон, ҳунари ташкилотчигӣ ва созандагии ин халқи соҳибтаъриху соҳибтамаддун ва баъзе масоили дигари таърихиро дар бар гирифтааст ва барои донишҷӯёни риштаи таърих ва соири дӯстдорони таърихи халқи тоҷик тартиб ёфтааст.

 

 

 


Номи китоб: Андар шинохти тоҷикон
Таҳиякунандагон: Н. Убайдуллоев, М. Рустамзода
Ҷой ва соли нашр: Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2018. – 400 саҳ., ҷилди 2

Маҷмӯаи мазкур китоби дуюм аз силсилаи "Андар шинохти тоҷикон" буда, таълифоти А. П. Федченко "Сафари Варорӯд" ("Путешествие в Туркестан")-ро дар бар гирифтааст, барои донишҷӯёни риштаи  ҷуғрофия, табиатшиносӣ, таърих ва дӯустдорони табиати кишвар таърихи халқи тоҷик таҳия шудааст.

 

 

 

 

 


 

Номи китоб: Таърихи адабиёти тоҷик
Муаллифон: Худоӣ Шарифзода, Мисбоҳиддини Нарзиқул
Ҷой ва соли нашр: Душанбе: “ТоРус”, 2017. – 416 саҳ.

Ин асар ба сифати китоби таълимии таърихи адабиёти тоҷик аз аҳди қадим то оғози асри ХIII пешниҳод шудааст. Мундариҷаи он баҳси осори мактуб ва адабии замони қадим то охири аҳди Сосониён, ҷараёни пайдоиши анвои адабӣ ва шинохти илмии имрӯзаи онҳо тибқи маводи то давраи ислом, мавзӯъҳои марбут ба зуҳур, такомул ва таҳаввули адабиёт ба забони порсии дариро, ки фарогири масъалаҳои авзои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, адабӣ, ривоҷи адабиёт дар давраҳои гуногуни таърихӣ, ҳавза ва доираҳои адабӣ, намояндагони бузурги илму дониши замон, намояндагони бузурги адабиёт дар давраҳои таърихӣ, ҷараёни тасаввуф ва таъсири он ба адабиёт, намояндагони адабиёти тасаввуфӣ ва вазъи таърихи наср мебошад, дар бар мегирад.

Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ, омӯзишгоҳҳо, омӯзгорони фанни адабиёт ва сойири алоқамандон пешниҳод мешавад.

 


 

 

 

 

Номи китоб: Асосҳои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ
Муаллифон: Н. Исмоилов, С. Комилзода, М. Обидова, З. Мирпочоева
Ҷой ва соли нашр: Душанбе: “Паёми ошно”, 2018. – 256 саҳ.

Китоби дарсии  "Асосҳои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ " дар асоси Барномаи омода намудан ва омӯзонидани донишҷӯёни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ омода гардидааст.

 

 

 


 



Номи китоб: Сиёсатшиносӣ
Муаллифон: А. Н. Муҳаммад, М. У. Хидирзода, Х. Қ. Сафарализода
Ҷой ва соли нашр: Душанбе: “Паёми ошно”, 2018. – 416 саҳ.

Китоби дарсӣ бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми ҶТ аз 27-уми декабри соли 2017, №11/14 ба чоп тавсия шудааст.


 

 

 


 

 

 

Номи китоб: Матншиносӣ
Муаллиф: Аламхон Кӯчаров
Ҷой ва соли нашр: Душанбе: “ТоРус”, 2017. – 224 саҳ.

Китоби дарсии "Матншиносӣ", асосан, ба нақди матни осори адибони давраи нави тоҷик бахшида шудааст ва мавзӯъҳои пешниҳодгардида на танҳо дарсҳои назарӣ ва амалиро фаро мегиранд, инчунин барои кори мустақилонаи донишҷӯён низ имконият фароҳам меоваранд.


 

 


 


Номи китоб: Нусратулло Махсум
Муаллифон: Давлатшоҳ Маҳмуд, Абдурашитов Фозил
Ҷой ва соли нашр: Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2018. – 146 саҳ.

Китоб ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ ва 137-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатии Тоҷикистон Нусратулло Махсум бахшида мешавад. Дар он самтҳои гуногуни фаъолияти сиёсиву давлатии ин фарзанди бузургноми миллат, муборизи роҳи озодӣ ва давлатдории тоҷикон, нахустин раиси Ҳукумати Тоҷикистон Нусратулло Махсум бо такя ба маъхазҳои дастрас, ёддоштҳои наздикону ҳамкорон, таълифоту пажӯҳишгарони ватанӣ ва хориҷӣ дар шакли очерки илмӣ-оммавӣ мавриди боздиду баррасӣ қарор ёфтааст.

 

 


 

 

Номи китоб: Мирзо Турсунзода
Муаллиф: Атахон Сайфуллоев
Ҷой ва соли нашр: Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2018. – 258саҳ.

Устод М. Турсунзода аз ҷумлаи шахсиятҳои бузурги адабию фарҳангии тоҷикон дар садаи ХХ мебошад. Ӯ бо фаъолиятҳои босамари иҷтимоию фарҳангӣ ва адабию эҷодии худ дар рушду нумӯи ҶТ саҳми босазо гузоштааст. Ин хизматҳои бедареғи устод дар давраи Истиқлоли кишвар аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони баланди Қаҳрамони Тоҷикистон қадршиносӣ шуд. Дар китоби мазкур оид ба ин ва дигар паҳлӯҳои кору фаъолияти устод Мирзо Турсунзода сухан меравад.

 

 


 

 

 

Номи китоб: Шириншоҳ Шоҳтемур
Муаллифон: Ҳайдаршоҳ Пирумшо, Қурбониддин Аламшо
Ҷой ва соли нашр: Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2018. – 146 саҳ.


Китоб ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ ва 119-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, ходими сиёсию давлатии Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур бахшида мешавад. Дар он самтҳои гуногуни фаъолияти сиёсиву давлатии ин фарзанди бузургноми миллат, яке аз бунёдкорони давлати миллии сотсиалистии Тоҷикистон ва муборизи роҳи озодию истиқлолият ва комилҳуқуқии тоҷикон дар асри ХХ бо такя ба маъхазҳои дастрас, ёддоштҳои наздикону ҳамкорон, таълифоту пажӯҳишгарони ватанӣ ва хориҷӣ дар шакли очерки илмӣ-оммавӣ мавриди боздиду баррасӣ қарор ёфтааст.

 


 

 

Номи китоб: Садриддин Айнӣ

Муаллифон: Радий Фиш, Раҳим Ҳошим
Ҷой ва соли нашр: Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2018. – 355 саҳ.


Китоб ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ ва 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби сиёсию ҷамъиятӣ сардафтари адабиёти муосири тоҷик, академик Садриддин Айнӣ бахшида мешавад. Дар он самтҳои гуногуни фаъолияти сиёсиву ҷамъиятӣ, эҷодию илмии ин фарзанди бузургноми миллат, яке аз бунёдкорони давлати миллии сотсиалистии Тоҷикистон ва муборизи роҳи озодию истиқлолият ва комилҳуқуқии тоҷикон дар асри ХХ бо такя ба маъхазҳои дастрас, ёддоштҳои наздикону ҳамкорон, таълифоту пажӯҳишгарони ватанӣ ва хориҷӣ дар шакли очерки илмӣ-оммавӣ мавриди боздиду баррасӣ қарор ёфтааст.

 

 


 

 

Номи китоб: Бобоҷон Ғафуров
Муаллиф: Ҳайдаршоҳ Пирумшо
Ҷой ва соли нашр: Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2018. - 251саҳ.


Китоб ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ ва 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров бахшида мешавад. Дар он самтҳои гуногуни фаъолияти сиёсиву ҷамъиятӣ, эҷодию илмии ин фарзанди бузургноми миллат, равшангари таърихи халқи тоҷик ва нақши тамаддунсози тоҷикон дар таърихи Осиёи Марказӣ, ҳамчунин мақому манзалати олим дар рушди шарқшиносии байналмилалӣ, бо такя ба  осори илмии аллома, маъхазҳои дастрас, ёддоштҳои наздикону ҳамкорон, таълифоту пажӯҳишгарони ватанӣ ва хориҷӣ дар шакли очерки илмӣ-оммавӣ мавриди боздиду баррасӣ қарор ёфтааст.



 

 

Номи китоб: Эмомалӣ Раҳмон
Муаллифон: Носирҷон Салимӣ, Абдуфаттоҳ Шарифзода
Ҷой ва соли нашр: Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2018. - 225саҳ.


Дар китоби мазкур корномаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарҳанги сиёсиву кишвардории ин фарзанди фарзонаи халқи тоҷик ва хидматҳои беҳамтои ӯ дар бунёду ташаккули давлатдории миллӣ бо такя ба асноду мадорики таърихи замони истиқлол ба қалам омадааст. Муаллифон кӯшидаанд, ки дар заминаи воқеаҳои сарнавиштсози ба сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ расидани халқи Тоҷикистон, пешрафтҳои азими иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ва обрӯву нуфузу байналмилалии давлати тозаистиқлоли тоҷикон ҷанбаҳои гуногуни сиёсат ва корсозиҳои Президентро таҳлилу баррасӣ намуда, бад-ин васила мақом ва нақши шахсиятро дар шаклгирии дарунмоя ва равандҳои таърихи халқ падид оваранд.

 


loiq_sh.jpg - 168.84 KbНоми китоб: Нақши устод Лоиқ дар рушди забони миллӣ

Ҷой ва соли нашр: Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2019.

Конфренсияи илмӣ -  амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши устод Лоиқ дар рушди забони миллӣ», чанде пеш баргузор гардида буд. Маводи конфронс дар матбааи  ДДОТ ба номи С. Айнӣ  рӯи чоп омад. Дар он мақолаҳои  профессорон Нӯъмонҷон Ғаффорӣ «Бозтоби ормонҳои миллӣ дар осори устод Лоиқ», Ҳайдаршо Пирумшо «Назму низоми таърих дар набзи шеъри Лоиқ», Абдунабӣ Сатторзода «Лоиқ ва шеъри ҳолат» ва Саидмуроди Хоҷазод «Забон ва Ватан ду рукни умда дар осори Лоиқ» ҷанбаҳои худшиносиву худогоҳии миллиро дар осори Лоиқ  фароҳам оварда шуданд. Махсусиятҳои забони осори устод Лоиқ ва нақши он дар рушди забони тоҷикӣ, таҳаввули жанри дубайтӣ дар ашъори ӯ, таъсири осори классикон ба эҷодиёти устод Лоиқ ва пажӯҳиши ҷанбаҳои дигари ашъори устоди сухан меҳвари аслии маҷмӯаро ташкил медиҳад.

Маҷмӯа барои пажӯҳишгарони осори шоир, устодони донишгоҳҳо, унвонҷӯёну донишҷӯён ва ҳаводорони ашъори устод Лоиқ пешбинӣ шудааст.

 


 

kitob1.jpg - 206.12 Kb Номи Китоб: Аз таърихи ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии халқи тоҷик

Муаллифон: Умед Ҳамидов

Ҷой ва соли нашр: Душанбе: Ирфон, 2019. - 80 с.

Матолиби китоб асосан натоиҷи таҳқиқоти илман амиқи муаллифро атрофи қазияи мароҳили таърихии рушду 
густариши дастовардҳои ҳуқуқии ҳалқи тоҷик ва ҳам мутаносибан муваффақияти онҳоро дар самти пешбурди таърихии кори 
тарбияи ҳуқуқӣ дар бар гирифта, бо ҷолибияти мазмуни худ имкон фароҳам овардааст, то хонанда андар боби қазияи мазкур 
маълумоти муфассалу хостанӣ ба даст орад.
Барои мутолиа ба олимону пажӯҳишгарон ва мутахассисини соҳаҳои таърих, ҳуқуқшиносӣ, педагогика, сотсиология, инчунин кулли 
дӯстдорони нақлҳо аз рӯйдодҳои таърихӣ ва доираи васеи хонандагон пешниҳод шудааст.

 

 

 


 

 

 

 


 
free pokerfree poker

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: www.tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj