• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ду муваффақияти як донишҷӯ

Соли сипаришуда барои донишгоҳи мо соли бобарор ва хотирмон ба ҳисоб рафта, дар самтҳои илмию таълимӣ ва фарҳангию тарбиявӣ комёбиву муваффақиятҳои назаррас ба даст омад. Донишҷӯёни донишгоҳ низ дар чорабиниҳои гуногун ширкати фаъолона варзида,

 

ба дастовардҳо ноил гардиданд. Дар ин радиф донишҷӯи соли панҷуми факултаи таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ Саидаброр Саидӣ дар соли 2018 барои дастовардҳо дар соҳаи рӯзноманигорӣ ба ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, барномасозӣ ва меъморӣ бо диплом ва маблағи пулӣ сазовор дониста шуд. Ҳамзамон барои ишғоли ҷои дуюм дар озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин дар мавзӯи «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» бо диплом ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ гардид.

Мавриди зикр аст, ки маросими ҷоиза ва туҳфасупорӣ дар бинои “Душанбе-Плаза” баргузор шуда, дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, ноиби президенти Кумитаи олимпии кишвар Шамсулло Соҳибов ва дигар шахсони расмӣ ширкат варзиданд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj