• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

Натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи устодон ва кормандон

Имрӯз дар толори шӯрои олимони факултети забонҳои романӣ - германӣ Маҷлиси ҳисоботии Кумитаи иттифоқи касабаи устодон ва кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба «Ҷамъбасти фаъолияти яксолаи Кумита дар соли 2018 ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2019» бо иштироки Раиси Кумита Бӯриев М., 28 - нафар аъзоёни Раёсати Кумита ва 5 - нафар аз сохторҳои алоҳидаи донишгоҳ таклиф шуда, баргузор гардид.

 

Рӯзномаи ҷаласа аз чунин масъалаҳо иборат буданд:

1. Ҷамъбасти фаъолияти яксолаи Кумита  дар соли 2018 ва вазифаҳо дар соли 2019 (Ҳисоботи раиси Кумита М. Бӯриев).
2. Аз Паём то Паём. Бардошт аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (Баромадкунанда Мудири Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Сайдулло Қувватов).
3.Тасдиқи Нақша - чорабиниҳои Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандон оид ба омӯзиш ва тарғиби Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ.
4.Масъалаҳои ҷорӣ.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома Раиси Кумита баромад намуда, зикр намуд, ки Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони донишгоҳ фаъолияти кории худро дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрии мавҷуда ба роҳ монда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки талаботҳои дар наздашон гузоштаро сарбаландона иҷро намуда, сазовори боварии  аҳли коллектив гарданд…
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома Мудири Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Қувватов С., баромад карда бардоштҳои худро аз Паём то Паём иброз намуд…
Дар охири ҷаласа Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандон оид ба омӯзиш ва тарғиби Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ тасдиқ карда шуд.

 

Кумитаи иттифоқи касабаи устодон
ва кормандони ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj