• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Баргузории ҷаласаи солонаи ташкилоти ибтидоии «Омӯзгор»

Имрӯз, 19-уми январ, дар толори калони бинои асосӣ маҷлиси ҳисоботии солонаи ташкилоти ибтидоии «Омӯзгор»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар донишгоҳ доир гардид. Дар ҷаласа, ки бо ширкати меҳмонон аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот Х. Амонов, мудири бахши омор З. Маҳмадуллоева, инчунин раёсат ва аъзои ташкилоти ибтидоии «Омӯзгор» ҷараён гирифт, шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ҳисоботи солонаи ташкилоти мазкур, интихоби муовини раиси ташкилот ва дигар масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд.

 

Ҷаласаро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Омӯзгор», ректори донишгоҳ академик Носирҷон Салимӣ ифтитоҳ бахшида, доир ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ суханронӣ намуд. Ҳамзамон зикр гардид, ки моҳият ва муҳтавои Паёми Пешвои миллат қаблан низ бо ширкати васеи устодони донишгоҳ мавриди омӯзиш қарор гирифта, инчунин дар дарсҳои тарбиявӣ ба донишҷӯён шарҳ дода шуд. Устодони донишгоҳ ҳамзамон дар шарҳу тавзеҳи Паём дар минтақаҳои гуногуни кишвар саҳми худро мегузоранд.

Дар идомаи ҷаласа муовини раиси ташкилот А. Ғаффоров доир ба фаъолияти ташкилоти мазкур дар давоми соли 2018, корҳои дар ин муддат анҷомпазируфта ва натиҷаҳои бадастомада ҳисобот манзур намуд. Фаъолияти ташкилот дар давраи ҳисоботӣ натиҷагирӣ карда шуда, оид ба бурду бохти он фикру назари раёсат, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ ва аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизб шунида шуд. Пас аз шунидани фикру пешниҳодҳои музокиракунандагон фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш дониста шуда, барои фаъолияти пурсамари он дар солҳои минбаъда таклифу пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд.

Дар ҷаласа ба муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизб А. Ғаффоров, ки беш аз даҳ сол дар ин вазифаи пурмасъулият фаъолияти муваффақона дошт, барои саҳми арзандааш дар пешрафту татбиқи ҳадафу вазифаҳои барномавии ҳизб аз номи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ сипоснома тақдим карда шуд. Дар анҷоми ҷаласа номзадии Сайдулло Қувватов, узви фаъоли ҲХДТ, ба вазифаи муовини нави раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” аз ҷониби раёсат ва аъзои ташкилот тариқи овоздиҳии умумӣ якдилона ҷонибдорӣ карда шуд.

Д. Раҷабов,
котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Омӯзгор»


 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj