• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Мушкилоти молиявӣ – асли қазияи бозмонди нашрияҳо

Дирӯз матлаби муассиси хабаргузорӣ ва ҳафтаномаи «Озодагон», рӯзноманигори шинохта Зафари Сўфӣ таҳти унвони «Вақте ҳамаи роҳҳоро мебанданд… Нашрияи «Озодагон» аз чоп бозмонд» дар шабакаи интернетӣ интишор шуд. Зафари Сӯфиро ба унвони шоир, рўзноманигор ва қаламбадасти хуб мешиносам ва эътироф мекунам. Албатта, он чи ки интишор медиҳад, аз ҷумлаи шеър ва  матолиби публитсистї назари шахсӣ ва диди инфиродии ӯст ва ба ин дидгоҳу мавқеъгирӣ қоилем.


Вале баъзан рўзноманигор масъаларо аз будаш зиёдтар нишон медињад ва тобиши сиёсї медињад. Манзури мо матлаби ахирии ўст, ки атрофи аз чоп бозмондани њафтаномаи «Озодагон» бањс мекунад.

Дар ин матлаб Зафари Сўфї аз он гила мекунад, ки тањти фишору зўрї хабаргузорї ва баъдан њафтаномаи «Озодагон» аз чоп бозмонданд. Решаи дигари ин мушкилро дар бастани роњи рекломи њафтанома ва контроли матолиби интиќодї мебинад. Аслан, мушкилоти имрўзї дар самти расонањо ва табъи њафтаномањо бар мабнои молия тамаркуз мекунад ва дарёфти маблаѓи зарурї барои интишори рўзномаю њафтаномањо кори сањлу осон њам нест. Агар ба масъала љиддитар таваљљуњ намоем, њафтаномаи «Озодагон» матолиби интиќодие интишор медод, ки характери мољарољўйї ва ифротгаройї надоштанд. Маводи интишоротии њафтанома ба масъалањои фарњангї ва мушкилоти иљтимої иртибот доштанд Аз ин рў, аз чоп бозмондани њафтаномаи «Озодагон» ба фишори маќомот рабте надорад. Бинобар ин, дар њафтаномаи «Озодагон» матолиби интиќодие интишор меёфт, ки ба ќонунгузории марбутаи љумњурї муѓоират надоштанд.
Мо медонем, ки расона дар шароити имрўза ба сифати абзори ќудратманди иттилоотї, фарњангї, иљтимої, сиёсї ва мафкуравї хидмат карда, на танњо афкори умум месозад, балки рисолати фарњанггустарї ва њувиятсозї низ дорад. Аммо, чуноне ки мулоњиза мефармоем, баъзе расонањо рисолати фазосозии эътидолї ва њувиятсозиро сарфи назар намуда, ба хотири бароварда сохтани ниёзу манофеъ ва хостњои сиёсию молиявї иттилооти муѓризона ва иѓвогароёнаро пахш мекунанд, то вазъи манотиќро маѓшуш сохта, дар бофтњои иљтимої нољуриро ба вуљуд биёранд ва аз тариќи расона афкори љамъиро њамеша тањти таъсир ќарор дињанд. Давлат бо ин навъ расонањои иѓвоангез ва тавтеасоз дар доираи ќонунњои амалкунанда бархўрд мекунад ва љињати муътадил сохтани фазои расонаї ва матбуоти даврї чорањои судманд меандешад. Афзун бар ин, давлат вазифадор аст, ки барои рушди демократия ва озодандешї дар кишвар фазои мусоид фароњам биоварад ва дар асоси ин мабонї ва принсип амал карда, муњити муътадили созмон додааст. Аз тарафи дигар, мушкилоти молиявї ва буњрони пулї бисёре аз расонањои хабарї ва тањлилии љумњуриро муфлис кард ва аз фаъолият бозмондани нашрияњои мустаќил ба ин мушкил бастагї дорад.
Зафари Сўфї, ки дар хориљ ќарор дорад, тасмими дубора ба кор андохтани хабаргузорї ва њафтаномаро дар берун гирифтааст. Тамоми мушкилот боз бармехўрад ба масъалаи молия ва касодии иќтисодї. Аммо дар хориљ шояд имкони зиёди молиявї пеш биояд ва Зафари Сўфї мушкилоти молиявиро бартараф карда, нашри дубораи расонаро ба роњ монад. Ё шояд вай аз ҳисоби кадом неруи хориҷие “сарпараст” пайдо кардааст. Аммо аз ҳама муҳимтар он аст, ки Зафари Суфӣ тавассути фаъолияти журналистии худ бар зидди давлату миллати Тоҷикистон амал накунад.

Фаридун Ориёӣ,
таҳлилгар
25 январи соли 2019

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj