• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

БАРРАСИИ ОМОДАГИИ ДОНИШГОҲ БА НИМСОЛАИ НАВИ ТАҲСИЛ

Санаи 25-уми январ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ академик Носирҷон Салимӣ ҷаласаи васеи Раёсати донишгоҳ бо ҳузури устодону омӯзгорон ва кормандон баргузор гардид, ки дар он масъалаи омодагӣ ба нимсолаи дуюми соли таҳсили 2018-2019 дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона (фосилавӣ) баррасӣ гардид. Нахуст ректори донишгоҳ оид ба фаъолияти таълимии донишгоҳ дар давоми соли сипаришуда андешаронӣ намуда, аз муваффақиятҳои бадастомада ва мушкилоти ҷойдошта ёдовар шуд.

 

Зикр гардид, ки дар давоми нимсолаи якуми соли таҳсили 2018-2019 аз ҷониби раёсат, қисми таълим ва факултету кафедраҳо бисёр корҳои муҳимму назаррасе ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти таълимӣ дар донишгоҳ анҷом дода шуданд. Бо вуҷуди ин, дар баъзе самтҳои фаъолияти сохторҳои донишгоҳ ва омӯзгорон камбудҳо ба чашм расид. Ректори донишгоҳ, махсусан, аз татбиқи таҳсилоти фосилавӣ дар донишгоҳ изҳори нигаронӣ намуда, таъкид намуд, ки бо вуҷуди ду сол боз ҷорӣ гардидани ин низоми таҳсил то ҳанӯз бархе омӯзгорон ба талаботҳои он пурра сарфаҳм нарафтаанд. Дар идома ҷиҳати беҳтар гардидани фаъолияти таълимӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили ҷорӣ, забти дарсҳои видеоии намунавии устодони соҳибтаҷриба, омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ва ғайра пешниҳодҳои мушаххас иброз гардиданд.

Дар ҷаласаи васеи Раёсати донишгоҳ ҳамчунин мудири шуъбаи таҳсилоти фосилавии донишгоҳ И. Сулаймонов оид ба самтҳои асосии фаъолияти низоми таҳсилоти фосилавӣ ва омодагӣ ба нимсолаи навбатии таҳсил гузориш дод. Инчунин мудири шуъбаи бақайдгирӣ ва машварат Б. Қарабоев тавассути тахтаи электронӣ дар хусуси тартиби нави холгузории ҳафтаина ба фаъолияти донишҷӯёни шуъбаи рӯзона ва кор бо кабинети инфиродии омӯзгор ба ҳозирин маълумотҳои зарурӣ пешниҳод намуд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj