• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Тартиби холгузорӣ ба фаъолияти ҳафтаинаи донишҷӯ ва кор бо кабинети инфиродии омӯзгор

Маълум аст, ки шурӯъ аз нимсолаи 1-уми соли таҳсили 2018-2019, яъне моҳи сентябр, ҳар як донишҷӯи шуъбаи рӯзона вобаста ба курс ва ихтисос (равия) бояд дар як фосила (рейтинг) соҳиби 100 хол гардад. Вобаста ба ҳафтаҳои таълимии фосила, барои як ҳафтаи таълимӣ 12,5; 16,6 ва 20 холро ташкил менамояд.
Миқдори ҳафтаҳои таълими барои як фосила аз рӯи чӣ муайян мегардад? Вобаста ба нақшаҳои таълимӣ, таҷрибаомӯзиҳои педагогӣ ва рисолаи хатм як фосила ба 5,6 ва 8 ҳафта ҷудо мешаванд.


Барои кадом фаъолиятҳо холҳои мазкур гузошта мешаванд? Холҳои ҳафтаина вобаста ба миқдори ҳафтаҳои таълимӣ ва намуди машғулиятҳо барои давомот (иштирок ба дарс) аз 1 то 5 хол; барои нишон додани фаъолият дар машғулиятҳои амалӣ, семинарӣ, лабараторӣ ва КМДРО аз 1то 6 хол; барои иҷрои корҳои мустақилона аз 6 то10 хол гузошта мешавад.

 

Дар ёд дошта бошед, ки мувофиқи талаботи меъёри холгузорӣ (12,5 хол, 16,6 хол, 20 хол) барои ҳар як соати ғоиб дар як ҳафта вобаста ба шаклҳои дарс аз 1 то 10 хол аз ҳисоби холҳои ҳафтаина кам карда мешавад. Чунки агар донишҷӯ дар машғулияти амалӣ ширкат наварзад, ҳам аз холи иштирок ва ҳам аз холи фаъолият маҳрум мегардад.
Тақсимоти холҳо барои як ҳафта вобаста ба курс ва ихтисос (равия) чунинанд:


 

Ҷадвали 1.

Барои донишҷӯёни курсҳои 1,2-и ҳамаи ихтисосҳо ва курсҳои 3-юми ихтисосҳои ҳамгиро (масалан химия-биология, математика-информатика ва ғ.)

 

Лексионӣ

Семинарӣ/Амалӣ

Лаб./КМДРО

КМД

Ҷамъ

И.

Ф.

И.

Ф.

И.

Ф.

Мисоли 1

2

-

-

-

1

3,5

6

12,5

Мисоли 2

1

-

1

1

1

2,5

6

12,5

Мисоли 3

-

-

1

1

2

2,5

6

12,5

Ҳудуд (Лимит)

2

-

1

1

2

3,5

6

12,5

Эзоҳ: 1. Як давраи фосила = 8 ҳафтаи таълимӣ, ки ҷамъ 100 холро ташкил медиҳад;

2. Як даври академӣ = 16 ҳафтаи таълимӣ.


 

Ҷадвали 2.

Барои донишҷӯёни курсҳои 3-и ихтисосҳои алоҳида (математика, физика, химия, биология ва ғ.) ва курсҳои 4,5-уми хатмкунандагон

 

Лексионӣ

Семинарӣ/Амалӣ

Лаб./КМДРО

КМД

Ҷамъ

И.

Ф.

И.

Ф.

И.

Ф.

Мисоли 1

2

-

-

-

2

4

8,67

16,67

Мисоли 2

2

-

1

2

1

2

8,67

16,67

Мисоли 3

-

-

2

2

2

2

8,67

16,67

Ҳудуд (Лимит)

2

-

3

2

2

4

8,67

16,67

Эзоҳ: 1. Як давраи фосила = 6 ҳафтаи таълимӣ, ки ҷамъ 100 холро ташкил медиҳад;

2. Як даври академӣ = 12 ҳафтаи таълимӣ + 4 ҳафта таҷрибаи омӯзгорӣ (омодагӣ ба рисолаи хатм)


 

Ҷадвали 3.

Барои донишҷӯёни курсҳои 4-и ихтисосҳои ҳамгиро (масалан химия-биология, математика-информатика ва ғ.)

 

Лексионӣ

Семинарӣ/Амалӣ

Лаб./КМДРО

КМД

Ҷамъ

И.

Ф.

И.

Ф.

И.

Ф.

Мисоли 1

2

-

-

-

2

6

10

20

Мисоли 2

2

-

1

3

1

3

10

20

Мисоли 3

-

-

2

3

2

3

10

20

Ҳудуд (Лимит)

2

-

2

3

2

6

10

20

Эзоҳ: 1. Як давраи фосила = 5 ҳафтаи таълимӣ, ки ҷамъ 100 холро ташкил медиҳад;

2. Як даври академӣ = 6 ҳафта таҷрибаи омӯзгорӣ + 10 ҳафтаи таълимӣ.


 

Ҳар як донишҷӯ метавонад, истифода аз кабинети инфиродӣ бо суроғаи pl.tgpu.tj раванди холгузорӣ ва давомоти худро мушоҳида намояд.
Инчунин ба таваҷҷуҳи донишҷӯён расонида мешавад, ки Шумо ба китобхонаи электронии донишгоҳ бо суроғаи lib.tgpu.tj ворид гардида, дар қисмати “барои донишҷӯён” метавонед тамоми маводи таълимии фанҳои тадрисшаванда: китоби дарсӣ, силлабус, матни лексия, комплекси таълимӣ-методӣ ва саволномаҳои тестиро дастрас намоед.
Тавзеҳоти умумӣ:
1. Рамзи «И.» - холи донишҷӯ барои иштирок дар машғулиятҳо;
2. Рамзи «Ф.» - холи донишҷӯ барои фаъол будан дар машғулиятҳо;
3. Барои ҳар як сутуни холгузорӣ ҳудуд муайян шуда аст, ки омӯзгор аз он,  холи баландтар монданро имкон надорад.
4. Холи машғулиятҳои лабараторӣ дар сутуни КМДРО гузошта мешавад.

 

Б. Қарабоев,
мудири шуъбаи бақайдгирӣ ва машварат

 

Презентатсияи тартиби истифодаи кабинети инфиродии омӯзгор

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj