• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Натиҷагирӣ аз фаъолияти илмии донишгоҳ

Санаи 31-уми январи соли ҷорӣ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ академик Носирҷон Салимӣ ҷаласаи васеи ғайринавбатии Шӯрои олимони донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он, аз ҷумла, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методии донишгоҳ дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019 баррасӣ гардид. Дар ҷаласа муовини ректор оид ба корҳои илмӣ профессор Насрулло Убайдуллоев оид ба масъалаи мазкур маърӯзаи худро ба самъи аъзои шӯро ва дигар устодону омӯзгорон расонида, аз муваффақияту дастовардҳои соҳа, мушкилоту масоили ҳалталаб ва нақшаву барномаҳои дарпешистода ёдовар шуд.

 

Тавре дар ҷаласа зикр гардид, соли 2018 барои омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ дар радифи тамоми сокинони кишвар соли таърихӣ, хотирмон ва дастовардҳо маҳсуб меёбад, ки ин ҳама аз сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат маншаъ мегирад. Таҳлил ва ҷамъбасти фаъолияти илмӣ-методии кормандони донишгоҳ аз он шаҳодат медиҳад, ки пеш аз ҳама, дар коркарди мавзӯъҳои илмӣ, таълифи рисолаҳои гуногунҳаҷми илмӣ, чопи китобҳои дарсӣ, васоиту дастурҳои таълимӣ, дифои рисолҳои илмӣ, нашри мақолаҳои таҳқиқотӣ, баргузории ҳамоишҳои илмии сатҳи гуногун, тарѓибу ташвиқи ѓояҳои асосии сиёсати давлату ҳукумат дар самти илм, иштирок дар озмунҳои донишҷӯён, азхудкунӣ ва истифодаи пайвастаи технологияи муосир  нисбат ба солҳои пешин пешравиҳо мушоҳида мешаванд.

Чунончи, соли сипаришуда дар кафедраҳои донишгоҳ 800 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 1 нафар академики АИ ҶТ, 1 нафар узви вобастаи АИ ҶТ, 2 нафар узви вобастаи АТТ, 51 нафар доктори илм, 171 нафар номзади илм ба фаъолияти таълимию  илмӣ ҷалб шудаанд, ки 539 нафари онҳо омӯзгори  штатӣ ва боқимонда муаллимони ҳамкор ва соатбайъ мебошанд. Дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  6 адад Шӯрои диссертатсионии дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ фаъолият доранд, ки 3 адади он дар назди КОА Федератсияи Россия ва 3 Шӯро дар назди КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. Дар шӯроҳои назди донишгоҳ соли гузашта 26 нафар рисолаҳои хешро дифоъ намудаанд, ки танҳо 2 нафарашон корманди донишгоҳ мебошанд. Дар  ин сол 2 рисолаи докторӣ ва 16 рисолаи номзадӣ, дар маҷмӯъ 18 рисола аз тарафи устодону аспирантҳо ва унвонҷӯёни донишгоҳ бомуваффақият дифоъ гардид.

Таъкид карда шуд, ки миқдори устодони унвондори донишгоҳ имсол дар муқоиса ба соли гузашта бештар гардидааст. Соли гузашта миқдори унвондорон, аз ҷумла теъдоди докторону номзадони илм 217 нафарро ташкил медод, ки ин шумора имсол ба 228 нафар  расидааст. Ҳарчанд нишондиҳандаи мазкур аз беҳбудии кор дар ин самт дарак медиҳад, вале он раёсати донишгоҳро ҳанӯз қаноатманд намесозад. Кафедраҳои донишгоҳ корҳои илмӣ-таҳқиқотиро аз рӯи 64 равия, 95 масъала ва зиёда аз 340 мавзӯи инфродии илмӣ-таҳқиқотӣ роҳандозӣ карда, мақола, маърӯзаҳо, гузоришҳо, патентҳо ва дигар дастуру васоити илмиро ба нашр расониданд. Аз соли 2014 инҷониб бо ташаббуси ректори донишгоҳ, академик Н. Ю. Салимӣ тавассути матбааи донишгоҳ чопи китобҳои зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Соли 2018  дар донишгоҳ 225 номгӯй китоб ва маводи таълимӣ, аз ҷумла 32 монография, 82 китоби дарсӣ  ва 111 васоити таълимӣ нашр гардид, ки барои қонеъ гардонидани талаботи муҳассилини донишгоҳ як қадами ҷиддӣ маҳсуб меёбад.

Соли 2018 дар донишгоҳ 2 конференсияи байналмилалӣ, 34 конференсияи донишгоҳӣ, 13 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 4 симпозиум, 35 мизи мудаввар ва 244 семинари илмӣ-методӣ баргузор гардид, ки дар онҳо 1002 устодону кормандон, 2679 нафар донишҷӯён иштирок кардаанд, ки аз  ин миқдор иштирокчиён дар ин чорабиниҳо 498 нафар устодон ва 528 нафар донишҷӯён бо маърӯзаҳои худ баромад кардаанд. Дар баробари ин устодон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар конференсияҳо ва семинарҳои  илмӣ, симпозиумҳо ва мизҳои мудавваре, ки берун аз донишгоҳ баргузор гардида,  иштирок ва суханронӣ карданд.

Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ҳамчунин атрофи фаъолияти донишгоҳ дар самти бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси устодон, ташкил ва баргузории маҳфилҳои илмии донишҷӯён, китобхонаи донишгоҳ, толори электронии хониш, парки технологӣ, нашри китобу дастурҳо ва нусхабардории китобу дастхатҳои нодир, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ суханронӣ намуда, пешниҳоду хулосаҳои худро иброз дошт. Бо мақсади беҳтар шудани раванди корҳои илмию таҳқиқотӣ бештар тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, таҳкими иқтидори илмии кафедраҳо, ҳимояи саривақтии рисолаҳои илмӣ, қавитар намудани пояи моддӣ-техникии озмоишгоҳҳои таълимӣ ва илмӣ, таъминоти онҳо бо технологияи нави муосир, таҷдиди назар намудани мавзӯъҳои семинарҳои илмию методӣ ва маҳфилҳо, мукаммалгардонии маҳорати касбии омӯзгорон, истифодаи  пайвастаи  китобхонаҳои  электронӣ ва шабакаи интернет, ҷалби бештари олимони шинохтаи кишвар ба конференсияҳои илмӣ-назариявӣ, таваҷҷӯҳи хоса додан ба фаъолияти патентӣ ва ихтироотиро миёни олимон ва донишҷӯён, таҳияи  лоиҳаҳои илмӣ ва илмию техникӣ, мунтазам  ба такмили ихтисос равон намудани устодон дар дохил ва хориҷи кишвар ва ғайра зарур дониста шуд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj