• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Фаъолияти кураторони донишгоҳ баррасӣ гардид

Санаи 1-уми феврал дар толори бинои асосии донишгоҳ љаласа оид ба ҳисоботи шӯрои кураторони донишгоҳ ва омодагӣ ба оғози нимсолаи баҳории соли таҳсили 2018-2019 гузаронида шуд. Дар љаласа раиси шӯрои кураторони донишгоҳ Г. Баротова, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Қ. Иброҳимов ва тамоми кураторони гурӯҳҳои академии факултетҳо ширкат варзиданд.

 

Раиси шӯрои кураторони донишгоҳ Гулчеҳра Баротова љаласаро ифтитоҳ бахшида, оид фаъолияти шӯрои кураторони донишгоҳ дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2018-2019 маълумот дод. Зикр гардид, ки тибқи љадвали тасдиќкардашуда дар факултетҳо аз 26.09.2018 то 13.10. 2018 семинар-љаласа барои кураторон гузаронида шуд, ки дар он масъалаҳои дуруст хонапурї кардани журналҳои кураторї, тарзи навиштани суратљаласаҳо, дуруст ба роҳ мондани интизоми донишљӯён, кор бо донишљӯёне, ки тибќи квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд, донишљӯёни ятиму бепарастор, донишљӯёни имконияташон маҳдуд, назорати доимии қоидаҳои дохилии ДДОТ ба номи С. Айнї баррасӣ карда шуд. Ҳамчунин дар ҷаласа аз рафти баргузории дарсҳои кураторӣ дар баъзе аз факултаҳои донишгоҳ изҳори нигаронӣ карда шуда, қайд гардид, ки воќеан ҳам баъзе аз кураторон дарси кураториро он ќадар муҳим намешуморанд. Садоратҳои факултетҳо вазифадор карда шуданд, ки сабабҳои нагузаронидани дарсҳои кураториро мушаххас намоянд. Масъалаи дигаре, ки дар љаласаи мазкур баррасӣ гардид, ин ба қайд гирифтани раќамҳои телефони донишљӯён ва волидайни онҳо мебошад, ки бояд аз тарафи факултетҳо ба шуъбаи баќайдгирӣ ва машварат супорида шаванд.

Дар ҷаласа ҳамчунин бо мақсади таҳкими савияи дониш, тавсеаи ҷаҳонбинӣ, рушди захираи луғавӣ ва ҷалби бештари донишҷӯён ба мутолиаи китобҳои бадеӣ Нақшаи инфиродии намунавии донишҷӯён, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм тавсия шудааст, ба кураторони гурӯҳҳои академӣ презентатсия карда шуд.

Дар анҷоми ҷаласа Холзода Беҳрӯз, куратор аз факултети забони англисї, барои фаъолияти назаррасаш дар самти таълиму тарбия бо ифтихорномаи шӯрои кураторони донишгоҳ сарфароз гардонида шуд. Инчунин, озмуни навбатии «Куратори беҳтарини сол» эълон карда шуда, низомномаи нави озмун ба садоратҳои факултетҳо пешниҳод карда шуд.

Абдулхайр Абдураҳмонов,

хабарнигори љамоатӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj