• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ба кури муртадд Саидюнусу пайравонаш

Дар сомонаи иѓвоангези «кимиёи саодат» матлаберо зери унвони  “Муртадд” бо ќалами Кури Сайидюнуси Истаравшанӣ хонда ба чунин хулоса омадам, ки бояд фикри шахсии худро нисбати ин маќола баён кунам. Аввалан бояд бигўям, ки байни Кури Саидюнусу, Кабирию ва пайравонашон ягон фарќияте бо ДИИШ нест. Танњо ин хоинони миллат бо забонашон «азизони дил» мегўянду, дар  амалашон агар дасташон расад аз хунхорони ДИИШ хунхортаранд.

Бояд зикр кард, ки ањолии Тољикистон бедодгарињои ин нањзатињои хунхору золимро, ки нисбати мардуми бечораву мењнаткаш дар солњои 90-уми асри гузашта раво дида буданд наѓз дар хотир доранд, муаллимону духтурон, олимону донишмандони тољику дигар  халќиятро ба ќатл расониданд, аз зулму ситами ин разилон мутахассисони соњањои гуногун аз кишвар фирор карданд, давлат фалаљ гардид, иќтисодиёт ба нестї расид. Яъне он дањшатафкание, ки нањзатињо нисбати тољику тољикистонї  кардаанд чингизи муѓулу фашист ба чунин амал даст назада буданд.  Акнун террористони ДИИШ њамон сенарияи ташкилоти террористии дар Тољикистон мамнўи нањзатиро идома дода истодаанд, чункї байни амалу аќидањои динї-ифротии ТТ «ЊНИ» ва ДИИШ ягон фарќият мављуд нест.

Ин Кури беимону ватанфурўш бошад боз ба «муртадд» гуфтани Кабирии золиму хунхор  норозигї баён мекунад, дар хотир дор эй аблањ туву Кабирию Вараќию Шерзамонову дигар дигарат сарљамъ аз «кофир» бадтаред, шумо баринњо муртадд не «террорист» њастед. Баъдан гуфтаниям њой аблањон шумо аз давлату њукумат домангир нашавед, мардуми худогоњу ватандўст зиёданд, дар Тољикистон озодбаёни аст, дастрасї ба шабакаи интернетї доранд ва њар як фарди ватандўст дигар намегузоранд, ки шумо хоинони миллати тољик њарфе баде нисбати миллату мамлакати азизамон гўед, дарњол «шаттаи обдор» ба дањони ифлосатон мезананд.

Њаминро низ гуфтаниям, дар таърихи 1400-солаи исломӣ таърих ёд надорад фарде мусалмонеро, ки мисли Кабирию Кури Истаравшанї барои маблаѓи муфт, љойи истиќомати хуб, зиндагии шоњона мазњабашонро, имонашонро, ватанашонро, миллаташонро, хонаашонро фурўшанд. Дар њиќиќат мардум бањои дуруст додаанд, ки ин беимонон фатвои уламо ва фуқаҳои исломиро зери пой карда “муртадд” шудаанд.

Бисёр хуб мешавад, ки кули ањолии кишвар ва хориљиён ин њаќиќатро бидонад, ки роњбарият ва пайравони ТТ «ЊНИ» дар забонашон «азизони дил» гуфта «мењрубонї» мекунанд, дар асл бошад, дар зулму ситам, бедодгарї, кўштор, барњам додани илму маърифат, мењанпарастї, худшиносии миллї ва бо васила нест кардани давлати дунявї, аз чумла Тољикистон, аз ДИИШ  фарќияте надоранд.

Аз ин рў, мардуми сарбаланди кишвар бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, бањри оромї ва сулњу субот дар љумњурии азизамон камари њиммат бибанданд.  Мо Ватанро њимоят накунем, њељ нафаре аз берун барои мо хизмат намекунад. Халќи тољик сарљамъ аст. Мо метавонем!.

Сомони  Салмон, рўзноманигор, директори маркази «Оина»

 
free pokerfree poker

 


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: www.tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj