• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

НАВРӮЗУ НАВБАҲОРОН БАР ДӮСТОН МУБОРАК!

Инак, ба сарзамини биҳиштосои мо, ба Ватани соҳибистиқлол ва зебоманзари мо Наврӯз меояд; айёми гулу сабза, зебоии табиат, зиндашавии тамоми наботот. Паёму навиди насимомези атрогини хуҷастапайки фаррухрӯзи баҳориро бо дамидани гулҳои бойчечаку  лолаву сияҳгушу наргис дар ин фурсати наврӯзӣ ба ҳар яки шумо ҳамватанони азиз хайру мақдам мегӯем.

Наврӯз рамзи баҳор, оғози сол ва айёми кишту кор аст. Насими форами наврӯзӣ аз талу пушта ба гетӣ  сабзаи навдамида таронаи шодӣ месарояд. Навои ҷонфизои дарёчаи кӯҳӣ, ки зеру бамаш аз табли сангу сангчаҳои соҳил аст, дар фазои дараи кӯҳӣ танин меандозад. Муғчаҳои ба хоби нози замистон рафтаи дарахтон оҳиста-оҳиста чашм боз менамоянд.

Суруди қумрию овози булбул фазои кӯҳу даштро фаро мегирад. Ҷаҳон ба пешвози бузургтарин, беҳтарин, зеботарин, хуррамтарин фасли худ –Баҳори нозанин аз гулу себарга, лолаву райҳону нилуфар пояндоз мегузорад.
Оре, баҳорон аввалин шукуфа, аввалин ғунча, аввалин майса чун тифли маъсум сар мекашад, резаборони тозаи баҳор марворидсон ба рӯи гулу гиёҳҳои навруста борида, давродаври онҳо шадда мебандад. Насими фараҳбахш лаҳза ба лаҳза бӯи гулу гиёҳро ба машом мерасонад. Гесувони беди маҷнун аз навозиши боди фараҳнок мавҷ зада, заминбӯс мегарданд.
Дилдодагон бошанд дар соярези он нишаста, хомӯшу пурназокат ва маҳин-маҳин даст ба зулфони парешаш  мебаранду меболанд, ки ошиқанду хушбахт ва дар фасли баҳори гулфишон ва зебоии зиндагӣ бо ахтарони дурдасти орзуҳо ҳамрозанд. Дар ин лаҳзаҳои фаромӯшнопазир суханњои ногуфта  ва нодиртарину зеботаринро ба забон оварда, хаёлан бо шаҳпари баҳори дил  то авҷи осмони бепоён парвоз мекунанд ва хурсандии хешро нишон медиҳанд.
Барои оламу одамиён Иди баҳор-Наврӯзи хуҷастапай фаро мерасад. Наврӯз ҷашни қадимаи тоҷикон буда, таърихи беш аз 4-5 ҳазорсола дорад. Бо фарорасии он замини муқаддас либоси сафеди худро аз сар гирифтаву бо пероҳани зебову перостаю мунаққаш кӯҳу дарраву даштро гулафшон менамояд. Эй баҳори нозанин, қадамҳои ту хуҷаста бод, марҳабо, эй баҳори гулбасар, эй баҳори гулафшон, эй биҳишти ин ҷаҳон, эй сафои зиндагӣ, қадамҳоят муборак бод! Эй ҳуснбахши ин дунё, эй фасли рӯиданҳо, эй паёмоварандаи шодиҳо, эй пайкрасони шодиву зебоиҳо Наврӯзи оламафрӯз. Ба мо лозим аст, ки ин ҷашни қадимаи хешро ҳамчун гавҳараки чашм дӯст дорем ва бо он ба ояндаи неку бо таманнои нек назар андозем.
Наврӯз оғози соли нав ва эътидоли баҳор, баробаршавии шабу рӯз, розгӯи булбул ва гул, рӯзи таҷдиди яздонпарастӣ, рӯзи бар тахти адлу дод ва некномӣ нишастани шоҳ Ҷамшед, рӯзи  донпошии деҳқон, рӯзи оғози гармову поёни фасли сармо, рӯзи нигаристани Кайхусрав бар Ҷоми ҷаҳоннамост.
23 феврали соли 2010 бо ташаббуси якҷояи Тоҷикистон ва якчанд кишварҳои ҷаҳон Иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали  Муттаҳид бахшида ба ҷашни оламафрӯзи Наврӯз қатънома оид ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз»- ро қабул намуд.
Дар ин қатънома вобаста ба таҷлили ҷашни Наврӯз омадааст: «Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 21-уми мартро ҳамчун рӯзи байналмилалии Наврӯз эътироф мекунад ва дар бобати ҳифз ва рушди минбаъдаи он дар ҳудуди давлатҳое, ки Наврӯз ҷашн гирифта мешавад, саъю талош варзида, давлатҳои аъзои созмонро даъват менамоянд, ки ба ҷашни Иди Наврӯз маълумоти бештар пахш карда, барои таҷлили Иди Наврӯз тадбирҳои зарурӣ андешанд».
Аз тарафи дигар, Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ба давлатҳои аъзо ва муассисаҳои дахлдори худ, аз ҷумла ташкилоти СММ оид ба илм, фарҳанг ва маориф, (ТСММИФМ) ва дигар созмонҳои бонуфузи  байналмилалӣ пешниҳод кардааст, ки дар чорабиниҳои вобаста ба Наврӯз дар давлатҳои аъзои созмон бевосита ширкат намоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди Иди Наврӯз чунин иброз доштанд: «Наврӯз рамзи рӯзи нав, ибтидои соли нав ва иқдому амалҳои нави ободониву тозакориҳо аст. Наврӯз рамзи шукуфоии олам ва бахту саодати олам аст» Дар ҷои дигар чунин омадааст: «Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, расму ойин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносоии  миллатамон буда, дар тӯли мавҷудияти хеш арзишҳои фарҳангию миллии моро дар таркиби худ ҳифз кардааст».
Дар замонҳои пеш ба истиқболи Иди Наврӯз гузаштагонамон чун анъана хонаҳои худро тозаву озода мекарданд ва чизҳои шикаставу фарсударо аз хона берун мебароварданд. Дар рӯзи Наврӯз бошад одамони ба якдигар қаҳриву ноҷӯр гуноҳҳои якдигарро мебахшиданд ва кинаву адоватро аз дилҳо берун мебароварданд. Наврӯз гиромитарин ҷашни бостонии мардуми мо буда, ҳалқ онро то ба имрӯз пос медорад. Ба пешвози Наврӯзи оламафрӯз дар зарфҳои махсус гандуму адас ва дигар донаҳоро сабзонда, дар рӯи дастархон мегузоштанд, ҳар гуна таомҳо аз қабили суманак,  ки  рамзи пешвозгирии Баҳор ва Иди Наврӯз аст, ҳалвою шириниҳои гуногун мепухтанд.
Тоҷикону тоҷикистониён дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ низ Наврӯзро таҷлил мекарданд, аммо гоҳо номи онро тағйир дода, Иди баҳору меҳнат ва Арӯси сол меномиданд. Ҷашни Наврӯз дар замони соҳибистиқлолии кишварамон шукӯҳу шаҳомати хосеро касб кард ва таҷлили он дар сатҳи баланд роҳандозӣ мегардад.
Бошад, ки Наврӯзи хуҷастапай ба тоҷикону Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бахту саодат ва накуномиҳоро биёрад.
Наврӯзатон фирӯз бод,
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!


н. и. п., дотсенти
ДДОТ ба номи С.Айнӣ
Сафаралӣ Шарифов

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj