• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ФАВРӢ! ШАРОФИДДИН ГАДОЕВ – МУОВИНИ КАБИРӢ БА ТОҶИКИСТОН БАРГАШТ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 15 феврал бо нашри як изҳороти вижа эълон кард, ки Шарофидин Гадоев, муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон – эътилофи мухолифини тоҷик, ки дар шаҳри Эйндҳовени Ҳолланд паноҳ мебурд, ихтиёран бо ҳавопаймои Маскав – Душанбе ба Тоҷикистон баргашта, дар ШВКД фурудгоҳи Душанбе худро ба мақомот таслим кардааст.

Бино ба изҳороти ВКД, Шарофиддин Гадоев гуфтааст, ки "ман аз кирдорҳои кардаам самимона пушаймонам, ихтиёран бо хатсайри Москва-Душанбе ба Ватан баргаштам.” ВКД меафзояд, ки Гадоев аз соли 2012 барои қочоқ ва сохтакорӣ дар кофтуков қарор дошт. Шарофиддин Гадоев собиқ шарики тиҷоратии асосгузори "Гуруҳи 24” Умаралӣ Қувватов буда, соли 2012 ҳамроҳи Қувватов тарки Тоҷикистон карда буд. Ба сомонаи "Ахбор” ҳанӯз муяссар нашудааст, ки бо худи Гадоев суҳбат кунад.

Имрӯз 15 феврали соли 2019, соати 07:00, Гадоев Шарофиддин Мирзоалиевич, 19.05.1985 соли таваллудаш, зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, ки муваққатан дар шаҳри Эйндҳовени Шоҳигарии Ҳолланд зиндагонӣ мекард, ба ШВКД Фурудгоҳи ш. Душанбе ихтиёран ҳозир шуда, изҳор намуд, ки ман аз кирдорҳои кардаам самимона пушаймонам, ихтиёран бо хатсайри Москва-Душанбе ба Ватан баргаштам.

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кирдорҳои содиркардаи ман баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. Инчунин изҳор намуд, ки дигарон нафароне, ки дар кофтуков қарор доранд низ баҳри ободии Ватан ихтиёран баргашта биёянд.

Гадоев Ш.М. аз соли 2012 бо моддаҳои 289 қисми 1 (Қочоқ) ва 340 қисми 2 (Сохтакорӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кофтуков қарор дошт.

https://akhbor.com/-p8565-155.htm

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj