• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Чорабинии тарбиявӣ

Санаи 22 феврали соли 2019, таҳти роҳбарии муаллими калони кафедраи «Методикаи таълими физика»-и ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Бобониёзова Г. А. магистри ҳамин кафедра Бутаева Г. Т. бахшида ба «26-солагии Рӯзи Артиши миллӣ» бо донишҷӯёни соли 3-юми ихтисоси физика-математика чорабинии тарбиявӣ баргузор намуд. Дар чорабинӣ мудири кафедраи «Методикаи таълими физика» Умаров У. С., муовини декан оид ба таълим Исмонов Ф., муовини декан оид ба тарбия Ниёзов С., мудири шӯъбаи магистратура Ахиева С., корманди раёсати илм ва инноватсия Абдуҷалилзода Ф. ва зиёда аз 50 нафар омӯзгорону донишҷӯён иштирок карданд.  Чорабинии мазкурро муаллими калони кафедраи «Методикаи таълими физика» Бобониёзова Г. А. оғоз намуд. Сипас, донишҷӯёни гурӯҳ бахшида ба «26-солагии Рӯзи Артиши миллӣ» бо маърӯзаҳо гузориш доданд. Пас аз шунидани маърӯзаҳо иштирокчиён бо қироати  шеър, рақсу бозиҳои шавқовар, саволу ҷавобҳо доир ба «26-солагии таъсисёбии Рӯзи Артиши миллӣ» ва саҳначаи ҳаҷвӣ табъи ҳозиринро болида гардониданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ мудири шӯъбаи магистратура Ахиева С. баромад намуда, фаъолияти магистронро хуб арзёбӣ намуд. Ӯ қайд кард, ки дар Донишгоҳ ин аввалин чорабиниест, ки аз ҷониби магистрон гузаронида мешавад. Чорабинии тарбиявӣ бо суханони Бобониёзова Г.А. ҷамъбаст гардид.

Мудири кафедраи
методикаи таълими физика
Умаров У.С.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj