• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ҳамоиши илмӣ-амалӣ

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ифтихори гиромидошти забони модарӣ ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд. Сароғоз муовини ректор оид ба масоили байналмилалӣ Аъзам Байдуллоев роҷеъ ба ҳифзи забонҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ сухан карда, иброз дошт, ки таваҷҷӯҳи давлат ба забони модарӣ ҳамарӯза меафзояд ва ҳифзу беолоиш нигох доштанги забони модарӣ вазифаи ҳамагон аст.

Мудири кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ дотсент Азиз Мирбобоев оид ба сиёсати давлат дар бахши амалкарди забонҳои модарии сокинони кишвар ибрози назар намуд. Ба андешаи номбурда ҳамасола Рӯзи байналмиллалии забони  модарӣ дар тамоми ҷаҳон ҳамчун ифодагари олитарин муқаддасоти миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Он дар пайванди дӯстии халкҳо, тақвияти робитаҳо дар ҳифзи густариш ва гиромидошти забони модарӣ нашқи муҳим мебозад . забони модарии ҳар миллат сарчашма ва манбаи бақои он, асоси илҳом ва меҳвари ҷунбищҳои ҳунариву фарҳанги ва илмии равшангарони он мебошад.Мудири кафедраи забони тоҷикӣ, доктори илмҳои филология, профессор Саидмуроди Хоҷазод дар мавриди рушди забони тоҷикӣ дар замони истиқлол сухан кард. Номбурда аз ҷумла иброз дошт, ки аз истифодаи истилолоҳоти бегона худдорӣ намуда, бо мақсади поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ амсилаи истилоҳоти зарурӣ биофарем  зеро дар зарфи 60 сол зиёда аз 230 забон аз байн рафтаанд. Дар Тоҷикистон 11 забон, аз ҷумла забони бартангӣ, ишкошимӣ, рӯшонӣ, яѓнобӣ, язѓулормӣ, шуғнонӣ, вахонӣ, орошворӣ ва ғайра зери хатар қарор доранд. Забони мо зиёда аз таърихи 4 ҳазорсолаи хату алифбо дорад. Ин моро водор месозад, ки онҳоро поку беорлоиш нигоҳ дорем. Мавриди зикр аст, ки ҳукумати ҷумҳурӣ дар баробари рушд ва вусъати бештар пайдо намудани доираи нуфузи забони давлатӣ, ҷиҳати инкишофи забон ва фарҳанги ақалиятҳои миллии муқими Тоҷикистон тадбирҳои зиёд амалӣ менамояд. Санадҳои меъёри ҳуқуқие, ки дар замони истиқлол дар бораи забон қабул шудаанд, ҳифзи забони давлатӣ ва дигар забонҳои ҳудуди ҷумҳуриро таъмин менамоянд.Пешвои миллат ҳамеша дар суханрониҳои худ масъалаи поку беолоиш нигох доштани забони давлатӣ, баланд бардоштани мақоми онро дар ҷомеа борҳо ба миён гузошта, дар назди донишмандону аҳли ҷомеа вазифаҳои мушаххас гузоштаанд. Дар ҷумҳурии Точикистон дар баробари забони давлатӣ барои истифодаи озодӣ забонҳои модарии намояндагони дигар миллату халқиятҳои сокини кишвар низ тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқи муҳайё гардидаанд.  Дар хотима донишҷӯён ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ, туркманӣ ва куриёӣ дар васфи ҳифзи забонҳои модарӣ шеърҳо қироат намуданд.

Мудири кафедраи

забони тоҷикӣ С. Хоҷазод

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj