• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Мусобиқаи Донандагони забони Хитоӣ

Дар санаи 1 – уми марти соли 2019 дар кафедраи забонҳои Шарқи факултети забони англисӣ бо ташаббус ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи маркази Конфутсии назди ДМТ ва ҳамзамон кафедраи забонҳои Шарқ миёни донишҷӯёни курсҳои дуюм,  сеюм, ва панҷум  даври аввали мусобиқа гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур намояндагон аз маркази Конфутсии назди ДМТ, декани факултети забони англисӣ дотсент Баротзода Ф.К., мудири кафедраи забонҳои Шарқ Бекчаев Ё., омӯзгорони кафедраи Услубшиносӣ ва назарияи тарҷума Ҳафизова Барно, Маматмуродова Нилуфар, саромӯзгори ҳамин кафедра  Худоиева Хиромон., омӯзгорони кафедраи забонҳои Шарқ Зиёева Моҳира ва Фарзонаи Раҳмон, аъзоёни ҳакамон Ванг Ҷи Хуан., Ҷанг Лей., Янг Ҷи Хон., Ҷоу  Юнхе., Шаҳзодаи М., ва донишҷӯён иштирок намуданд.

 

Дар мусобиқаи мазкур донишҷӯёнро зарур буд, ки дар муддати 3 дақиқа маърӯзаҳояшонро нақл кунанд. Маърӯзаҳои зерин дар  мавзӯи «Ватан» буданд ва онҳо дар бораи ҳар як гӯшаи зебоманзари Ватани азизамон ба таври шифоҳӣ ва слайд шоу баромад намуданд. Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, ки мусобиқа аввал дар сатҳи Донишгоҳӣ  баъд байни Донишгоҳҳои Ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ёздаҳ нафар аз донишҷӯёни факултет дар ин мусобиқа бо як тайёрии хуб иштирок намуданд. Донишҷӯёне, ки дар ин мусобиқа иштирок доштанд Сулаймонов Мусо, Назарова Тунук, Қодиров Азизбек, Боржаков Вепа, Азизова Малика, Хоҷаева Мастура, Ғайратова Фараҳноз, Шаймарданов Умар, Ҳафизов Анушервон мебошанд. Дар ин мусобиқа ҷои аввал насиби донишҷӯи курси дуюм  Ғайратова Фараҳноз, ҷои дуюм насиби донишҷӯй курси дуюм Қодиров Азизбек ва донишҷӯй курси панҷум Боржаков Вепа гардид, ҷои сеюм бошад  насиби донишҷӯй курси панҷум Ҳафизов Анушервон, Шоймардонов У, Назарова Т. гардид. Аз ин миён 6 – нафар аз иштирокчиён ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Аъзои ҳакамон ба тарзи истифодаи калимаҳо дар ҷумла ва ба тарзи нақл кардани иштирокчиён эътибори ҷиддӣ медоданд. Мусобиқа ба таври шаффоф гузаронида шуд ва ғолибон бо тӯҳфаҳои хотирмон сарфароз гардиданд.

 

Фарзонаи Р.

Журналист

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj