• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Модар - олиҳаи зиндагӣ

0000000000001.jpg - 66.34 KbСанаи  6-уми марти соли 2019 дар толори бинои асосӣ бо ибтикори факултети  химия чорабинии идона бахшида ба Рӯзи модар зери унвони «Модар - олиҳаи зиндагӣ» баргузор гардид. Дар чорабинӣ декани факултет Умонов М, омӯзгорони факултет, намояндаи шуъбаи тарбия Иброҳимов Қ.  ва донишҷӯёни факултет  иштирок намуданд. Барномаи чорабинӣ масоили гуногунро, ки ҷиҳатҳои тарбиявӣ ва фарҳангӣ доштанд дар бар мегирифт. Дар барнома суҳанрониҳо дар мавзуи бузургии модар, олиҳаи покӣ, некӣ ва зебоӣ будани он садо доданд, ки ба ҳозирин хело писанд омад. Аз ҷумла, дар чорабинии мазкур зикр карда шуд, ки ҳангоми вирди забон овардани  ин мафҳуми муқаддас қалбамон равшан мегардад.Модар беҳтарин армон, азизтарин ҳастӣ, муқаддастарин муъҷиза ва арзандатарин сарватест, ки ҳамагонро ҳаёт бахшидааст. Аз ҳастии пайкари бузургаш ба дили кас қуввату мадор, тавоноиву қарор ва меҳру муҳаббати беканор пойдо мегардад. Тавоноии модар касро зиннату самар, симу зар, болу пар ва шаҳду армон  мебахшад.

 

Сад чону дил фидои як муддаои модар,

Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Бишнид гар садоям дунёи сахтгушон,

Ангезаест шояд аз аллаҳои модар.

 

Дар анҷоми чорабинӣ дар иҷрои донишҷӯён саҳнаи тарбиявӣ ва рақсу сурудҳои туркманӣ намоиш дода шуд.

 

Файзуллоева М.

0000000000002.jpg - 6.84 Mb

00000000003.jpg - 98.23 Kb 0000000000005.jpg - 104.08 Kb 0000000006.jpg - 88.69 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj