• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Эълон

Мактуби иттилоотӣ

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  Шуморо ба  конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ, ки 24 - 25 апрели соли 2019 дар мавзўи «Нақши ҳунарҳои мардумӣ дар рушд ва пойдории фарҳанги миллӣ» баргузор мегардад, даъват менамояд.

Фаъолияти бахшҳои  зерин дар назар  дошта шудааст:

1.  Педагогика, психология ва методикаи таълим.

2.  Фанҳои табиӣ - риёзӣ.

3. Фанҳои умумитехникӣ.

Аз Шумо эҳтиромона  хоҳиш менамоем, ки ҳангоми ирсоли фишурдаи мақолаҳо ба конференсияи  мазкур ба масъалаҳои  зерин эътибор диҳед:

  1. Забони  корӣ: тоҷикӣ, русӣ.
  2. Фушурдаи   маърӯзаҳо дар ҳаҷми  аз 6 то 10  саҳифаи андозааш А4, дар  редактори Word, мутаносиби шрифти Times New Roman Tj  ё New Roman бо андозаи  ҳарфҳои  14 ва бо интервали 1, ҳошиягузорӣ: аз боло 2 см, поён 2 см, рост 1,5 см, чап 3 см дар шакли  чопӣ ва электронӣ пешниҳод намоед.
  3. Тартиби  навишт: номгӯи  мавзӯъ, ному насаб ва  нишони ҷои кор ва баъдан матн навишта шавад.
  4. Мӯҳлат. Фишурдаи  маърӯзаҳо бояд  ба суроғаи кумитаи тадорукот то 30 марти соли 2019 фиристода шавад.

Нишонӣ: ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121, ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, бинои 11, ошёнаи 2, кафедраи технология, нақшакашӣ ва дизайн ё суроғаи  электронии  Firuz Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript ирсол карда шавад.

Телефонҳо: 93-566-41-58    Мухторова Г.Ғ.

93-851-55-53   Шерматзода О.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj