• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ширкати Нуъмонҷон Ғаффорӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии ректорони донишгоҳҳои омӯзгории ИДМ

 

photo 61.jpg - 61.64 KbСанаи 26-уми феврали соли равон дар пойтахти Федератсияи Россия шаҳри Москва ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии донишгоҳҳои омӯзгории ИДМ баргузор гардид, ки дар кори он ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Нуъмонҷон ­Ғаффорӣ Усмонзода ба ҳайси узви шӯрои мазкур дар радифи ректорони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ИДМ ширкат варзид. Ҷаласаро раиси Шӯрои ҷамъиятӣ ва ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Москва

доктори илмҳои таърих, профессор,photo 60.jpg - 84.32 Kb узви вобастаи Академияи таҳсилоти Россия А.В. Лубков ифтитоҳ бахшида, зикр намуд ки бештари равандҳое, ки имрӯз дар соҳаи маорифи кишварҳои узви ИДМ сурат мегиранд, аз ҷиҳатҳои гуногун мушобеҳи ҳамдигар ва муқоисапазиранд. Дар гузориши худ Нуъмонҷон Ғаффорӣ ташаббуси  Шӯрои ҷамъиятии ташкилоти асосии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар хусуси ташкили коллективи муваққатии илмӣ - таҳқиқотии байнидонишгоҳӣ қобили дастгирӣ ҳисобида,омодагии донишгоҳи моро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ташкил ва амалисозии таҳлили муқоисавии стандарҳои таҳсилот ва стандарти касбии омӯзгор иброз дошт.

 

 

 

Ҳабибулло Сатторӣ

сармуҳаррири нашрияи

«Омӯзгори ҷавон»

 
free pokerfree poker

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: www.tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj