• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Коллеҷ номи Хосият Махсумоваро гирифт

17 май маросими ботантанаи ба Коллеҷи омӯзгории донишгоҳ додани унвон ва ифтитоҳи пайкараи Муаллимаи шоистаи Тоҷикистон, аввалин зани дорои медали ба номи Н.К.Крупская Махсумова Хосият Нусратуллоевна баргузор гардид.
Дар ин маросим муовини аввали вазири маориф ва илми ҶТ Раҳматулло Мирбобоев, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон, академик Раҳим Масов, директори Коллеҷи омӯзгорӣ Ширин Қурбонова, мудири шуъбаи таърихи навини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон Абдулло Ғафуров, ҳамсафон ва шогирдони Хосият Махсумова, ҳамчунин, дӯстон ва пайвандонаш ширкат доштанд.
Раҳматулло Мирбобоев зимни сухани табрикиаш хидматҳои Хосият Махсумова дар тарбияи занони низоми маорифи ҷумҳуриро қайд намуд.
Академик Раҳим Масов саҳми аҳли оилаи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, аз ҷумла, духтари мавсуф Хосият Махсумоваро, ки беш аз 30 сол дар Омӯзишгоҳ (ҳоло коллеҷ)-и омӯзгорӣ кор карда, қариб 20 сол вазифаи директори онро ба уҳда дошта, ба рушди илму маорифи ҷумҳурӣ саҳми бузург гузоштааст, зикр кард.
Дар маросими ботантана директорони собиқу имрӯзи муассисаи мазкур М.Ҳакимова ва Ш.Қурбонова, ҳамчунин, шогирдони Хосият Махсумова сухан карда, саҳми бузурги ӯ ба рушди Коллеҷи омӯзгориро қайд намуданд.

Сипас, яке аз духтарони Хосият Махсумова, ки дар Коллеҷи омӯзгорӣ кор мекунаду анъанаҳои ин сулоларо идома медиҳад, суханронӣ кард.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj