• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Наврӯз яке аз бузургтарин ва қадимтарин ҷашнҳои фарҳангии миллии мо ба шумор меравад. Дар ин рӯзи нав ҳар як нафар кӯшиш мекунад, ки ба таъмиру тармими хона машғул шавад ва сару либоси худ ва оилаашро нав кунад. Яъне ҳама кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки як навоварие дар манзили худ эҷод кунанд ва аъзои оилаашонро хушҳол намоянд. Ҳамзамон дар ин рӯзи нав дастархони пурнозу неъмате ороста, гирди он ҷамъ мешаванд ва шодиву хушҳолӣ менамоянд. Аз гузаштаи худ қисса намуда, ҳазлу шухӣ мекунанд ва рӯҳияи ҳамдигарро болида месозанд. Агар дар байнашон ягон саҳву хато ё гуноҳе сар зада бошад, кинаву адоват ва ғаму андӯҳро канор гузошта, ҳамдигарро мебахшанд. Ин ҳама навовариҳо ва шодмониро ба хотири он анҷом медиҳанд, ки то охири сол ҳар рӯзашон ба мисли ҳамин рӯз наврӯз бошад ва доимо хушҳолу хуррам дар сари як дастархон бо ҳамдигар ҷамъ шаванд ва муттаҳидона зиндагӣ намоянд.

Воқеан, дар ин рӯзи нав пиру ҷавон ҳама хушҳол ҳастанд ва ҳамдигарро бо фарорасии рӯзи нав табрик намуда, дар корҳои минбаъдаашон муваффақиятҳои беназирро таманно мекунанд. Ҳатто ашхосе, ки аз рӯи ноогоҳӣ, нодонӣ ва ё беэътиноӣ дили касеро ранҷонида бошанд ва баъдан изҳори пушаймонӣ карданд, дар ин рӯз хушҳол ҳастанд. Чунки онҳо аз самими қалб маъзарат хостанд ва бахшида шуданд.

Аз ҷониби дигар, аз ҳама бештар кӯдакон хушҳол ба назар мерасанд. Чунки онҳо либоси нав ба бар карда, дар даст гули бойчечак машғули сурудхонӣ ҳастанд. Ҷавонон ва наврасон низ аз ин хушҳолӣ барканор нестанд. Аксарияти онҳо, ки ҷасуру далер ва бебок ҳастанд, ба гуштин ва дигар намуди варзиш машғул мешаванд.

Ҳамин тавр, дар ин рӯз нафаре пайдо намешавад, ки машғул ва ё андармони коре набошад. Баъзе саросема ба варзишгоҳ мераванд, баҳри тамошои гуштин ё бузкашӣ, баъзеи дигар ба аёдати беморон мераванд, кӯдакон бошанд машғули рақсу бозӣ ва сурудхонӣ ҳастанд. Яъне, Наврӯз рӯзест, ки ҳамаро хушҳол ва муттаҳид мекунад.

Дар баробари ин қадар шодмониву хурсандӣ, тааҷҷубовар он аст, ки ташкилоти террористии наҳзатӣ, ки ба қавли худашон ҳомии дини ислом ҳастанд ва медонанд, ки ҷашни Наврӯзро паёмбари ислом ҳам дар замонаш иҷозат додаанд. Агар фаромӯш карда бошанд, хотиррасон мекунем, ки Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» ривояти зеринро нақл мекунад:

«Овардаанд, ки дар Наврӯз, ҷоме пур аз ҳалво барои паёмбари ислом ҳадя оварданд. Он ҳазрат пурсид: «Ин чист?» Гуфтанд: «Имрӯз рӯзи Наврӯз аст». Пурсид: «Наврӯз чист?» Гуфтанд: «Иди бузурги эрониён аст». Фармуд: «Оре, дар ин рӯз буд, ки Худованд Аскараро зинда кард». Пурсиданд: «Аскара чист?» Фармуд: «Аскара, ҳазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг, тарки диёр карда, сар ба биёбон ниҳоданд ва Худованд ба онон фармуд: Бимиред. Пас мурданд. Пас ононро зинда кард ва абрҳоро амр фармуд, ки бар онон биборанд. Аз ин рӯст, ки суннати об пошидан (дар Наврӯз) ривоҷ ёфтааст». Он гоҳ аз ҳалво тановул кард ва фармуд: «Кош ҳар рӯз барои мо Наврӯз буд».

Аз ин ривояти Абурайҳони Берунӣ маълум мешавад, ки паёмбари ислом на танҳо иҷозати таҷлил гирифтани Наврӯзро додаанд, балки таманно ҳам кардаанд, ки ҳар рӯз бароямон Наврӯз бошад ва саҳми худро дар Наврӯз гузошта, суннати об пошиданро дар ҷашни Наврӯз ривоҷу равнақ доданд.

Ҳадафи ташкилоти террористии наҳзатӣ дар чӣ бошад, ки намехоҳанд, Наврӯз ҷашн гирифта шавад ва барои сазовор таҷлил гирифтани ҷашни Наврӯз сади роҳ мешаванд ва монеа эҷод мекунанд?  Ба назар чунон мерасад, ки онҳо мехоҳанд миллатро аз байн баранд. Зеро барои аз байн бурдани миллат ҷанг кардан зарур нест, танҳо фарҳангашро аз байн бурдан зарур аст. Миллати бе фарҳанг оҳиста-оҳиста худ аз байн меравад. Оё аз байн бурдани фарҳанги қадимаи миллати мо аз ҷониби ташкилоти террористии наҳзатӣ хиёнат ба Ватан ва миллат нест? Оё сади роҳи шодиву хурсандии пиру ҷавон ва махсусан кӯдакон шудан, гуноҳи бузург нест?

Дар интиҳо, ҳаминро хотиррасон мекунем, ки Наврӯз аз замони пайдоиш то ҳол муқовиматҳои шадидеро паси сар намудааст. Ҳатто империяҳои бузурги гузашта, кӯшиш ва ҷаҳду талош карданд, ки Наврӯзро аз байн баранд, муваффақ нашуданд ва ҳатто ба онҳо муяссар нашуд, ки заррае ҳам бошад, шаъну шараф ва эътибори Наврӯзро коҳиш диҳанд. Чун империяҳои бузург ба мақсади худ ноил нагаштанд, аз сари муросо ва мадоро ба Наврӯз наздик шуда, бо он созгорӣ пеша намуданд.

Наврӯз бо тааммулу таҳаммул ва таҷаммулу эътимоде, ки ба худ дошт, яъне оқибат некӣ ба бадӣ пирӯз мегардад, оҳиста-оҳиста роҳи худро идома дод. Айни ҳол, Наврӯз мақоми муносиби худро ба даст овард ва аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эътироф гардид.

Хулоса, фарзандони нохалафи миллат низ аз гузашта сабақ омӯзанд ва аз самими қалб аз гуноҳҳои кардаашон пушаймон шуда, ба Ватан баргарданд ва муросову мадоро намоянд. Зеро мо ҳама фарзанди ин миллат ва Ватан ҳастем, сари як дастархон ҷамъ шуда, муттаҳидона зиндагӣ намоем ва барои ояндаи миллати худ содиқона хизмат намоем.

 

Хуршеди Мурод

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj