• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Яке аз ҷашнҳои муҳими миллӣ ва мардумии халқҳои эронинажод Наврӯз ба ҳисоб меравад. Ин ҷашн ҷашнест, ки ҳамбастагии инсону коинот ва эҳёшавии табиатро ба миён меорад. Чунин навъи ҷашн пеш аз ҳама ба шинохт ва огоҳии инсоният аз табиат ҳамбастагӣ дорад. Нахустин рузи Наврӯз ки ба 21 март рост меояд замонест, ки ҳамаи сайёроту ситорот дар як радиф қарор мегиранд. Ин баёнгари он аст, ки мардумони ориёинажод ҳанӯз ҳазорон ҳазор сол қабл ин ҳамоҳангиро дарк намуда будаанд ва аз табиат огоҳии дуруст ва илмӣ доштаанд. Аз тарафи дигар Наврӯз замоне фаро мерасад, ки эътидоли шабу рӯз баробар мешавад ва табиату инсону коинот ба ҳолати баробарӣ дар меояд. Ҷашни Наврӯз ба ҳеҷ як дину мазҳаб иртиботе надорад, зеро ҷашнҳои динию мазҳабӣ аз назари арзишшиносӣ фарогири арзишҳои маҳдуданд, ки аз бовару эътиқод сарчашма гирифта ё ифодагари кадом як ҳодисаи таърихӣ мебошад. Ҷашни Наврӯз бошад ба ҳеҷ арзиши маҳдуд ва эътиқодот ҳамбастагӣ надорад. Зеро асосҳои онро дарку шинохти дурусти инсон аз табиату коинот ташкил медиҳад. Аз лиҳози пайдоиш Наврӯз ҷашнест, ки таърихи ҳазорсолаҳо дорад ва ба тамаддуни кишоварзӣ хос аст. Яъне ин маънии он дорад, ки мардумони ориёитабор, ки бароварда кардани   ниёзҳои худро бо роҳи кишоварзӣ қаблтар аз мардумони дигар шуруъ намуда буданд, барои онҳо шинохти вақт ниҳоят муҳим будааст, зеро Наврӯз замоне фаро мерасад, ки дигар сармои зимистон пушти сар гардида таҳаввули ҳамаи олами зинда ба вуҷуд меояд. Яъне ин замонест, ки кишоварз ба марҳилаи кишт кардан ва олами наботот ба марҳилаи рустан мерасад.

Мусаллам аст, ки дар таърихи мардумони мо ҳазорон лашкаркашии бегонагон аз қабили юнониёну арабҳо, турку муғул ва афрангиён сурат гирифтааст. Дар ин гирудорҳои таърихӣ осори зиёди фарҳангӣ аз байн бурда шудааст. Борҳо низ султаҳои бегонае, ки ин сарзаминҳор ғасб намуда буданд, ҷашни Наврӯзро маҳдуд карданд, аммо натавонистанд онро аз байн бибаранд, баръакс онро пазируфтанд  ва худ низ аз он таҷлил карданд. Саволе ба миён меояд, ки чаро ин ҷашн мондагор шуд ва чаро онро дигарҳо низ пазируфтанд ва аз он таҷлил намуданд? Сабаби мондагории Наврӯз дар тули таърих он аст, ки рамзҳо ва арзишҳои ин ҷашн ба тамоми  башарият таалуқ доранд ва волотарин арзишҳои умумибашариро дар худ таҷассум мекунанд, ки аз қарори зайланд:

Якум, Наврӯз ҷашни эҳё ва ҷашни зиндагист. Ҳамин аст, ки барои башарият аз зиндагӣ болотар арзише вуҷуд надорад. Ҳамаи арзишҳои дигар дар атрофи зиндагӣ мечарханд. Дуввум,  Наврӯз ҷашни нур ва хуршед аст. Мусаллам аст, ки ҳайёти ҳамаи олами зинда ба офтоб рӯшаноӣ ва гармӣ ҳамбастагӣ дорад. Ҳамин аст ки ин арзиш арзиши ҳамаи инсоният аст ва ҳамаи инсоният ниёз ба офтоб гармӣ ва рӯшноӣ доранд. Саввум, Нарӯз ҷашнест, ки аз навгироӣ ҳарф мезанад ва тамоми инсоният табиатан ҳар чиз ашё ё падидае, ки нав бошад онро дӯст медорад. Наврӯз ҳама гуна фарсудагиву вопасгароиро канор мезанад ва ҳамеша аз «нав» ва ҳамеша аз «шудан» мегӯяд. Чаҳорум, Наврӯз ҷашни шодию сурур ва пирӯзии ақлу хирад аз болои ҷаҳолат, нодонӣ ва торикӣ аст. Таърих собит кардааст, ки бузургтарин бадбахтии инсоният нодониву ҷаҳолат аст ва инсоният танҳо аз роҳи дониш ва ақлу хирад ба зиндагии шоиста расида метавонад. Панҷум, Наврӯз ҷашнест, ки дар он ахлоқи баланди инсонӣ таҷассум ёфтааст ва ҳамеша аз се асли некӣ маншаъ мегирад: «пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек». Ба ин се асл тамоми башарият ниёз дорад ва саодати инсонӣ аз ҳамин се асл бармеояд. Агар ба тамоми консепсияҳои ахлоқӣ назар афканем ҷамъбаст ва хулосаи онҳо ба ҳамин се асл бармегардад. Шашум, Ҷашни Наврӯз ҷашни эътидол аст. Инсоният дар тамоми таърих яке аз арзишҳои меҳвариаш адолат ба ҳисоб меравад. Зеро ҳамеша ноадолатӣ боиси ранҷу бадбахтии инсонҳо мегардад. Ҳамин аст, ки дар фарҳанги ҷаҳонӣ арзиши адолат яке аз арзишҳои меҳварӣ ба ҳисоб меравад ва дар Наврӯз аввалан эътидоли табиӣ, ки он аз баробаршавии шабу рӯз ва дар як радиф қарор гирифтани сайёрот маншаъ мегирад, аз тарафи дигар Наврӯз ба ҳамаи инсонҳо ва ҳамаи табақот баробар аст. Яъне дар байни инсонҳо низ тафовут ё фарқ намегузорад. Ҳафтум, Наврӯз ҷашни умед аст. Мусаллам аст, ки инсониятро умед раҳнамун месозад ва инсоният бо умед зинда аст. Умеди нек доштан ва фардои накуро орзу кардан хоси ҳамаи инсоният аст. Ҳаштум, Наврӯз ҷашни меҳр, ишқ, саодат ва садоқат аст. Меҳр ва ишқу садоқат асоси вуҷуди инсоният аст ва набуди инҳо метавонад зиндагии инсонҳоро ба нобудӣ кашонад ва пояи зулму истибдодро тақвият бахшад. Нуҳум, Наврӯз ҷашни бахшояндагӣ аст. Яке аз хислатҳои хуби инсонӣ бахшояндагӣ ба ҳисоб меравад ва дар Наврӯз низ мардумон ба ҳамдигар туҳфаҳо мебахшанд, гуноҳҳои якдигарро мебахшанд ва ҳама воқеаҳои манфие, ки аз сар гузашта буд, онро канор мегузоранд. Кинаҳоро аз дил зудуда мекунанд. Бо ҳамдигар муносибатро аз нав оғоз мекунанд. Даҳум, Наврӯз ҷашни назофату покизагист. Ин арзиш низ хоси ҳамаи инсоният аст ва инсонҳо озодию озодагиро дӯст медоранд ва ҳадафи зиндагиро дар озодиву озодагӣ медонанд. Ҳамин аст, ки дар ҷашни Наврӯз мардум хонаю дари хешро тамъиз мекунанд, либосҳои озода мепӯшанд ва бо раҳо гаштан аз хатарҳои зимистон озодона ба сайри дашту чамани сабзу гулпуш мераванд. Ёздаҳум, Наврӯз ҷашни зебоист. Табиатан инсонҳо зебоипарастанд. Онҳо зебоиро дӯст медоранд. Чун Наврӯз табиат гуногунрангу зебо мешавад, гулҳо мешукуфанду ба инсон фараҳу илҳом ва андешаву умеди тозаро ба бор меоварад. Аз тарафи дигар худи инсонҳо низ ба мисли табиат зебо мешаванд ва хешро пероставу ороста мегардонанд. Дувоздуҳум, Наврӯз ҷашни ҷавониву ҷовидонагист. Инсоният ҳамеша ҷавонӣ ва ҷовидонагиро дӯст медорад. Ҳамин аст, ки яке аз орзуву омоли асосии инсонӣ ин ҷовидонагӣ аст.

Хулоса, Ҷашни Наврӯз-ҷашнест, ки дар худ тамоми арзишҳои баланди инсониро таҷассум намудааст ва аз табиати одамӣ маншаъ мегирад Ҳамин аст, ки ин ҷашнро мардумони гуногуни Сайёра новобаста аз хуну пуст ва бовару эътиқод бо дустдорӣ ва шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мекунанд. Наврӯз рамзи ваҳдати тамоми башарият аст.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj