• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

НОБ-и  Роғун – кафолати истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон

photo 215.jpg - 95.95 KbДар санаи 27-уми марти соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, бо ташаббуси  Кафедраи географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии факултети география конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «НОБ-и Роғун  кафолати истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон» бахшида ба кор даромадани чархаи дуюми он  баргузор гардид. Дар конференсия олимон, муҳаққиқон, мутахассисон ва намояндагони вазорату идораҳо, институтҳои илмию тадқиқотӣ, донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ иштиок намуданд. Конфренсияро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ғаффорӣ Н.У. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда иштирокчиёни онро хайрамақдам гуфтанд.  Сипас доктори илмҳои географӣ, профессори кафедраи методикаи таълими география ва туризм Муҳаббатов Х. дар мавзӯи “Роғун ва рушди иқтисодиёти кишвар” маърӯза кард,  ки  он ҷолиби диққати ҳозирин гардид. Баромади номзади илмҳои географӣ, профессори Кафедраи географияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Диловаров Р. дар мавзӯи “Таъсири нерӯи барқ дар ташкили ҳудудии истеҳсолот” низ аз манфиат холӣ набуд. Маърӯзаи номзади  илмҳои иқтисодӣ профессори Кафедраи географияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ  Ҷӯраев А.  дар мавзӯи “Роғун ва рушди иқтисодиёти кишвар” низ шунида шуд, ки он дорои  фикру ақидаҳои пешқадами илмӣ буд.

Дар конфренсия ба мавзӯҳои ҷобаҷогузории   қувваҳои  истеҳсолкунанда ва рушди иқтисодиёти кишвар дар соҳаҳои  саноат, соҳаи комплекси агросаноатӣ, самаранок истифода бурдани захираҳои замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар проблемаҳои иҷтимою  иқтисодии кишвар таваҷҷуҳ зоҳир карда шуда, мавриди муҳокима  қарор гирифтанд.

Дар анҷоми конференсия Муҳаббатов Х. ва дигар иштирокчиёни он ба музокира баромада, оид ба мазмун ва муҳтавои мавзӯҳои шунидашуда  ибрози андеша намуданд.Онҳо аз ҷумла,  иброз доштанд, ки конференсияи имрӯза нисбат ба конференсияҳои пешина бартариҳои зиёд дошт, маърузачиҳо омодагии хуб гирифта буданд ва аз воситаҳои техникӣ хеле хуб истифода намуданд.

Мудири Кафедраи

географияи иқтисодӣ ва

иҷтимоӣ Қаландаров А. А.

.

photo 210.jpg - 93.24 Kb photo 211.jpg - 77.59 Kb photo 213.jpg - 85.02 Kb photo 214.jpg - 94.09 Kb

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj