• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

ОЗМУНИ «ДАСТОНИ МӮЪҶИЗАОФАР»

photo 266.jpg - 83.11 KbРаёсати донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, 3-уми апрели соли 2019 дар толори бинои асосии донишгоҳ озмуни «Дастони мӯъҷизаофар»-ро байни гулдухтарони донишгоҳ бахшида ба соли «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор намуд. Дар озмун сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Шарифзода Наргис,

муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  Нуляминова Саида, мутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Комилова Фарангезхон, мутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҳматова Малика, Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонова Ҷамила, мудири Бахши кор бо духтарону занон Саидова Гулхумор ва садоратҳои  факултетҳои донишгоҳ ширкат варзиданд.

Мақсад аз баргузории озмуни «Дастони мӯъҷизаофар» ин иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, нигоҳдошти беҳтарин анъана ва суннатҳои миллӣ, дар бахши хонаводагӣ ва кадбонугӣ, тарбияи эҳсоси худшиносӣ ва меҳнатдӯстӣ, шиносоӣ бо таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ ва умумибашарӣ, бузургдошти назокат, ободии хонадон ва зебоипарастӣ, баланд бардоштани маърифати оиладории занону духтарон, ҳавасмандгардонӣ ва муаррифии ҷавондухтарони ҳунарманду соҳибистеъдод мебошад.

Озмуни мазкур тибқи низомнома аз ҳафт шарт иборат буд, ки донишҷӯдухтарон аз иҷрои шартҳо бо сарбалдандӣ баромаданд.

Дар охир аз номи Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ҳар як иштирокчии фаъоли  озмун  ва садорати факултетҳо бо ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд.

 

Шуъбаи тарбияи ДДОТ

ба номи С. Айнӣ

photo 265.jpg - 86.96 Kb photo 267.jpg - 91.54 Kb photo 255.jpg - 102.37 Kb photo 253.jpg - 109.20 Kb photo 262.jpg - 96.26 Kb photo 254.jpg - 100.03 Kb photo 263.jpg - 92.90 Kb photo 250.jpg - 101.45 Kb photo 251.jpg - 104.54 Kb photo 256.jpg - 101.60 Kb photo 268.jpg - 101.11 Kb photo 259.jpg - 126.69 Kb photo 261.jpg - 113.10 Kb photo 264.jpg - 116.36 Kb photo 257.jpg - 116.85 Kb

 

 

 

 

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj