• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Омилҳои пешгирии гаравиши ҷавонон ба

ақидаҳои ифротӣ дар дохил ва хориҷи кишвар

photo 290.jpg - 64.16 KbБино ба назари пажӯҳишгарони масоили сиёсӣ ҳамасола омилҳои бегонапарастии ҷавонон, бахусус, гаравиши ҷавонон ба ақидаҳои ифротӣ  бештар ба мушоҳида мерасад. Агар чанд соли пеш  чунин ҳолат дар дохили мамлакат ба мушоҳида мерасид, феълан баръакс ифротӣ шудани ҷавонон дар хориҷи кишвар бештар  мушоҳида мегардад. Ин вабо на танҳо дар байни ҷавонони муҳоҷири тоҷик, балки узбекҳо, қирғизҳо ва қазоқҳо низ  паҳн мегардад. Яъне гаравиш ба ақидаҳои ифротӣ дар хориҷи минтақаи  Осиёи Марказӣ характери фаромиллӣ касб кардааст ва ин ҳолат  аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақаи Осиёи Марказӣ зиракиву ҳушёрӣ ва амали муштаракро тақозо дорад. Чи бояд кард, ки пеши роҳи ин омилҳои номатлуб гирифта шаванд? Оё роҳҳои мубориза бар зидди ақидаҳои вайронкорӣ, гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ ва экстремистӣ дар ҷаҳони муосир мавҷуд аст? Умуман, нақшаи давлатҳои дунё дар ин самт чи тавр роҳандозӣ шудааст?. Омилҳои дохилӣ ва хориҷии пешгирии гаравиши ҷавонон ба ақидаҳои ифротӣ дар дохил ва хориҷи кишвар кадомҳоянд?

Хотиррасон мекунем, ки ба хотири ба ҷавонон фаҳмондани моҳияти аслии кори гурӯҳҳои тундгаро, чанде қабл 45 гурӯҳи тарғиботӣ ташкил шуд ва онҳо дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд. Таасуби диниву мазҳабӣ, бегонапарастӣ ва кур-курона, гаравидан ба равияҳои номатлуб, бовар кардан ба хабарҳои муғризонаи расонаҳо боиси ноамнӣ дар ҷомеа хоҳад шуд. Ба ақидаи мо, барои пешгирии гаравиши ҷавонон ба ақидаҳои ифротӣ дар дохил ва хориҷи кишвар анҷоми чунин корҳо ба манфиат хоҳад буд:  тарғиби ақидаҳои худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ аз тариқи ВАО; фош намудани моҳияти аслии ғояҳои ҳизбҳои ифротӣ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ; тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ; фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар дохили мамлакат; ташкили гурӯҳҳои тарғиботӣ дар байни муҳоҷирони минтақаи Осиёи Марказӣ; роҳандозии ҳамкориҳои муштараки мақомоти қудратии минтақаи Осиёи Марказӣ дар амри пешгирии гаравиши ҷавонон ба ақидаҳои ифротӣ дар минтақа ва хориҷи он.

Ба фикри мо, анҷоми чунин корҳо барои пешгирии гаравиши ҷавонон ба ақидаҳои ифротӣ дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидат хоҳад кард. Решакан намудани ақидаҳои ифротӣ на танҳо барои сокинони Тоҷикистон, балки барои минтақаи Осиёи Марказӣ вазифаи муҳимтарин аст, ки аз ҳамагон ҷаҳди ҷиддиро тақозо дорад.

Саидмуроди Хоҷазод,

доктори илмҳои филология,

профессор

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj