• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ТОҶИКИСТОН САҲМГУЗОР ДАР МАСОИЛИ ГЛОБАЛИИ ОБ

photo.jpg - 94.05 KbБахши магистратураи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ санаи 12.04.2019 бахшида ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2019 таҳти унвони «Тоҷикистон саҳмгузор дар масоили глобалии об» конференсияи илмию назариявӣ доир намуд.

Дар кори конференсия сардори раёсати илм ва инноватсия Р. Ҳакимов намояндаи Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Раҳимзода Фарзона, омӯзгори ДМТ Мардихудо Давлатов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДДОТ ба номи С. Айнӣ С. Қувватов мудири шуъбаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ Р. Бобокалонова ва 70 нафар донишҷӯёну магистрон иштирок намуданд.

Саравал сардори раёсати илм ва инноватсия Р. Ҳакимов суханрони намуда ҳамагонро ба конференсияи илмию назариявӣ ба ин даргоҳ хайру мақдам гуфтанд доир ба самтҳои асосии ташаббуси чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба об гуфта гузаштанд.

С. Қувватов иброз бар он намуданд, ки масъалаи об дар ҷаҳони имрӯза яке аз масъалаҳои глобалии умумӣ мебошад. Аз норасоии оби нушокии соф миллион ҳазор одамон танқисӣ мекашанд. Муносибати иқтисодии дипломатӣ метавонад то ҳади имкон ин масъаларо аз байн барад.

Мардихудо Давлатов омӯзгори ДМТ баромад намуда қайд карданд, ки бо роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давраи чоруми масъалаи об дар СММ пешниҳод гардид, ки ин як такони баланди иқтисодӣ ва сиёсӣ дошта тамоми мардумонро барои пешгири намудани обҳои шифобахш ва софро сарҷамъ менамояд.  Дар робита ба ин таъкид гардид, ки ҳарчанд мо дар саргаҳи обҳои мусаффо қарор дорем, бояд ҳамеша сариштакор бошем ва аз захираҳои об оқилонаву сарфакорона истифода намоем.

Баъдан дар он магистрони курси якум як ба як маърӯзаҳои худро доир ба масъалаи об гуфта гузаштанд. Дар конференсия 11 маърӯза шунида шуд.

Дар анҷоми кори конфронс Сардори раёсати илм ва инноватсия Р. Ҳакимов ва Ректори донишгоҳ профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ Усмонзода баромад намуда ҳамагонро барои иштирок ва маърӯзаҳои хуб минатдории худро баён намуданд.

photo 291.jpg - 75.91 Kb photo 292.jpg - 94.58 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj