• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

МАҲФИЛ ОЗМУНИ «ДУРАХШИ ҲУНАР»

photo 314.jpg - 94.03 KbДар санаи 12-уми апрели соли 2019 бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонон ва кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён маҳфил – озмуни «Дурахши ҳунар» байни факултетҳои математика ва забон ва адабиёти рус баргузор гардид.

Чорабинӣ аз тарафи шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ташкил ва гузаронида шуд. Дар рафти чорабинӣ сараввал мудири шуъбаи кор бо ҷавонон С.Қувватов суханронӣ намуда, ёдовар шуд, ки раванди баргузории маҳфил - озмун аз 6- шарти асосӣ иборат аст ва ин шартҳо дар барномаи қаблӣ дарҷ шуда буданд. Мақсад аз баргузории маҳфил – озмун ва пешниҳоди чунин шартҳо ба дастаҳои факултетҳо барои дарёфти чеҳраҳои нав муаррифӣ намудани ҳунарҳои миллӣ ва фарҳангӣ гузаштаи миллати тоҷик ба шумор меравад.

Дар чорабинии мазкур Содиқӣ Содиқпур – сармутахассиси шуъбаи мониторинги сифати таълим ва назоратӣ электронӣ А. Сатторов– сармутахассиси шуъбаи фарҳангӣ донишгоҳ ва Ҷ. Мардонзода - котиби масъули шуъбаи табъу нашри донишгоҳ ҳамчун аъзоёни ҳакамон иштирок намуда, чорабинии мазкурро баҳогузорӣ намуданд.

Шартҳое, ки дар низомномаи маҳфил – озмуни «Дурахши ҳунар» дарҷ гардида буданд дастаҳои «Пешсафон»-и факултети математика ва «Дурахшандагон»-и факултети забон ва адабиёти рус пурра иҷро намуда, пешкашӣ иштирокдорони маҳфил – озмун гардониданд.

Дар охир аъзои ҳакамон ба сухан баромада ҳамаи шартҳое, ки аз ҷониби дастаҳо иҷро гардиданд хуб арзёбӣ намуданд. Ҳар кадоми онҳоро шарҳ доданд ва ба чунин хулоса омадаанд, ки дастаи «Пешсафон»-и факултети математика соҳиби 80 хол ва дастаи «Дурахшандагон»-и факултети забон ва адабиёти рус ба 75 холӣ сазовор гардиданд. Ҳамин тавр дастаи «Пешсафон»-и факултети математика, ки дар ин даври маҳфил – озмун ғолиб дониста шуд, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Шуъбаи кор бо ҷавонони

ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 

photo 313.jpg - 83.29 Kb photo 312.jpg - 94.46 Kb photo 311.jpg - 100.02 Kb photo 315.jpg - 4.03 Mb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj