• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ОҒОЗИ ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД

photo 392.jpg - 64.35 KbРӯзи 19.04.2019 намояндагони донишгоҳи менеҷменти шаҳри Алма-атои Ҷумҳурии Қазоқистон, муовини авалли ректор, директори донишкадаи рушди таҳсилот Канагатова Аллагул Медихатовна ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ташриф оварданд. Дар доираи ташрифи хеш бо маъмурияти донишгоҳ вохӯрӣ намуда, баъдан презинтатсияи донишгоҳи мазкурро дар толори Шурои олимони донишгоҳ ба саҳми ҳамагон расонидаанд. Тибқи ин презентатсия, донишгоҳи мазкур соли 1988-ум таъсис дода шуда, соли 2018 30 – солагии ҷашни фаъолияти донишгоҳ қайд карда шуд, то ба имрӯз беш аз 10000 мутахассисон ин донишгоҳро хатм кардаанд. Айни ҳол 3000 донишҷӯ аз рӯи 20 ихтисос дар 6 намояндагӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон, 4 мактаби илмӣ таҳсил намуда истодаанд. Новобаста аз ин ҳамасола омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳи мазкур зиёда дар 100 чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ иштирок менамоянд.

Ҳамзамон дар донишгоҳ ташкилоти хайриявии ДОС фаъолият менамояд, ки чорабинӣ, аксия ва консертҳо баргузор намуда, маблағи бадастомада барои дастгирии хонаи кӯдакон сарф карда мешавад.

Ду кулуби интелектуалии «Бупетду» - кулуби мубоҳисавӣ байни донишҷӯён ва “Mafia” кулуби донишҷӯён, ки ташкили бозиҳои ба номи Мафия– оиди ҳуқуқҳои байналмилали ба уҳда доранд, ки дар донишгоҳи мазкур фаъолият менамояд.

photo 391.jpg - 88.53 Kb photo  400.jpg - 74.99 Kb photo  401.jpg - 92.67 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj