• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

 

ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ ПАДИДАҲОИ ХАТАРЗОИ

ҶОМЕАИ МУОСИР

surat 14.jpg - 66.21 Kb26-уми апрели соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-амалии «Терроризм ва ифротгароӣ – падидаҳои хатарзои ҷомеаи муосир» баргузор гардид. Конференсияро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёни онро хайрамақдам гуфт ва аз ҷумла зикр намуд, ки терроризм ва экстремизм ҷараёнҳои хатарноктарини замони муосир мебошад ва мубориза ба муқобили он яке аз проблемаҳои актуалии илмҳои ҷомеашиносӣ ба шумор меравад. Бинобар ин баргузор шудани конференсия хеле бамаврид буда, дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизми замони муосир аҳамияти илмию назариявӣ дорад.

Дар конференсия мудири кафедраи фалсафаи донишгоҳ н.и.ф., дотсент Шоҳназар Бердиев ба сухан баромада, оиди мақсад ва мароми конференсия ҳарф зад. Сипас маърӯзаҳои д.и.ф., профессори кафедраи фалсафа Бобоҷон Самиев дар мавзӯи “Ташкилот ва ҳаракатҳои тундгаро – маншаи осебпазири ҷомеаи муосир”, муаллими кафедраи ҳуқуқи Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон Азамат Бобиев дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (масъалаҳои назария ва қонунгузорӣ)", мудири кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, н.и.ф., дотсент Шоҳҳусейн Амирхонов дар мавзӯи “Маърифати динӣ омили пешгирикунандаи рушди таассуб ва хурофот дар ҷомеа", мудири кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, н.и.ф. Исомуддин Шарипов дар мавзуи “Баъзе хусусиятҳои технологияҳои мағзшӯии ҷавонон ва ташкилотҳои террористӣ”, мудири кафедраи фалсафаи фарҳанги ДДОТ ба номи С. Айнӣ, н.и.ф., дотсент Ҳобилҷон Зикирзода дар мавзуи “Нақши ВАО дар пешгирии ҳаракатҳои тундгаро ва экстремистӣ” ва ассистенти кафедраи сиёсатшиносии ДДОТ ба номи С. Айнӣ Мавҷуда Имомназарова дар мавзуи “Идеологияи ифротгароӣ дар муҳити ҷавонон” шунида шуд. Бояд қайд кард, ки масъалаи омилҳои пайдоиши терроризм ва экстремизм, ба монанди омилҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва равонӣ мавзӯи марказии конференсия буда, мавриди муҳокима ва баҳси давомнок қарор гирифт.

Дар идомаи конференсия муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД-и ҷумҳурӣ, генерал-майори милитсия Нурулло Орифзода дар такя ба таҷрибаи амалии хеш суханронӣ намуда, терроризм ва ифротгароиро яке аз омилҳои хавфнок ва мушкилоти глобалии ҷомеа ҳисобид ва аз аҳли толор, махсусан донишҷӯён даъват ба амал овард, ки ҳамеша дар фикри хондан буда, ҳушёру зирак бошанд, фирефтаи ақидаву андешаҳои хурофотӣ нагарданд ва бо қатъият ба ин падидаҳои номатлуб мубориза баранд.

Ҳамчунин, мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДОТ ба номи С. Айнӣ, н.и.с., дотсент Ҳусайн Бедилов суханронӣ намуда, хулосаҳои мушаххасро оиди кори конференсия пешниҳод кард. Мавсуф афзуд, ки бояд сиёсатшиносон, файласуфон, ҳуқуқшиносон, ҷомеашиносон, диншиносон ва махсусан равоншиносони кишвар ҷанбаҳои асосии пайдоиши падидаҳои хатарзои ҷомеаи муосирро пайдо намуда, ба аҳли ҷомеа пешкаш намоянд.

Мавриди зикр аст, ки дар рафти ҳамоиши мазкур муҳассилини донишгоҳ ба суолҳои хеш оид ба сабабҳо ва падидаҳои пайдоиши терроризму экстремизм, омилҳои гаравиши ҷавонон ба ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ, роҳҳои пешгирӣ кардани онҳо аз ҷониби олимону коршиносон посухи мушаххас гирифтанд.

Дар фарҷоми конференсия ректори ДДОТ ба номи С. Айнӣ, профессор Н. Ғаффорӣ ҳамоиши илмиро натиҷагирӣ намуда, ба он ҳусни анҷом бахшид.

Кафедраҳои фалсафа ва сиёсатшиносии

ДДОТ ба номи С.Айнӣ

surat 13.jpg - 89.89 Kbphoto 467.jpg - 5.90 Mb photo 468.jpg - 83.25 Kb photo 434.jpg - 99.39 Kb photo 435.jpg - 92.00 Kb photo 436.jpg - 92.43 Kb photo 437.jpg - 72.15 Kb photo 438.jpg - 94.58 Kb photo 439.jpg - 58.02 Kb photo 440.jpg - 65.68 Kb photo 441.jpg - 89.36 Kb photo 442.jpg - 107.73 Kb

photo 443.jpg - 105.89 Kb photo 444.jpg - 104.40 Kb photo 445.jpg - 67.33 Kb photo 446.jpg - 83.35 Kb

photo 447.jpg - 64.42 Kb photo 448.jpg - 89.00 Kb photo 449.jpg - 99.42 Kb photo 450.jpg - 71.42 Kb

photo 451.jpg - 65.39 Kb photo 452.jpg - 62.30 Kb photo 453.jpg - 63.66 Kb photo 455.jpg - 97.49 Kb

photo 456.jpg - 71.42 Kb photo 457.jpg - 92.44 Kb photo 458.jpg - 60.89 Kb photo 459.jpg - 66.11 Kb

photo 460.jpg - 65.48 Kb photo 461.jpg - 70.90 Kb photo 462.jpg - 108.73 Kb photo 463.jpg - 82.70 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj