• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

Оғози курсҳои омӯзишӣ

surat 16.jpg - 50.89 KbРӯзи 26-уми апрели соли 2019 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» бо иштироки раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Абдуллозода Аҳтам ҷамомади расмии навбатӣ доир ба курсҳои омӯзишӣ баргузор гардид. Дар он мудири бахши кор бо духтарону занони донишгоҳ, Саидова Гулхумор, сармутахассиси бахши кор бо духтарону занон Худоёрбекова Сунаро ва донишҷӯдухтарони фаъоли донишгоҳ иштирок намуданд.

Муҳтарам Абдуллозода А. тамоми хоҳишмандонро ба курсҳои омӯзишӣ, ки ройгон баргузор мегарданд ва дар онҳо ҳунарҳои гуногун аз қабили қаннодӣ, дӯзандагӣ ва ороиши рӯю мӯй омӯзонида мешавад, даъват намуд. Дар чорабинӣ 25 нафар донишҷӯдухтарони фаъоли донишгоҳ ба курсҳои омӯзишии номбурда ҷалб карда шуданд.

Дар охир аз ҷониби донишҷӯён ба намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саволу ҷавоб баргузор гашта, пешниҳодҳои ҷолиб низ манзур гардиданд.

Бахши кор бо духтарону занони

ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj