• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

Чорабинии фарҳангӣ-фароғатии факултети филологияи тоҷик

surat 22.jpg - 83.13 KbСадорати факултети филологияи тоҷик дар пайвастагӣ бо қисми тарбия сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дасти мадад дароз намудан ба қишри ниёзманди ҷомеаро ҷонибдорӣ намуда, санаи 29.04.2019 дар муассисаи давлатии «Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ доир намуд. Дар ин чорабинӣ и.в.декани факултет Адолат Мирзоалиева, мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёт профессор Шамсиддин Солиҳов, муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Абдураҳмонов Маъдӣ, лабаранти кафедраи назария ва таърихи адабиёт Самиева Нисо ва лабаранти кафедраи амалия ва назарияи забоншиносӣ Зоитова Моҳира ва созмонҳои ҷамъиятии факултет иштирок намуданд. Дар ин чорабинӣ  донишҷӯёни факултет бо барномаи фарҳангӣ - фароғатӣ хотири меҳмонон ва пиронсолонро болида гардониданд.

Дар фарҷом и.в.декани факултет Адолат Мирзоалиева баромад намуда, тӯҳфаҳои омоданамудаи садорати факултетро ба бошандагони муассисаи давлатии «Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳри Душанбе тақдим намуданд.

Факултети филологияи тоҷики

ДДОТ ба номи С. Айнӣ

surat 17.jpg - 78.10 Kb surat 23.jpg - 75.58 Kb surat 20.jpg - 77.27 Kb surat 21.jpg - 85.10 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj