• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

 

Фестивали "Сад ранги чакан"

z 20.jpg - 69.50 KbБо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 3-юм то 4-уми майи соли 2019 донишҷӯдухтарон бо иштироки кормандони бахши кор бо духтарону занони донишгоҳ Саидова Гулхумор ва Худоёрбекова Сунаро бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, намоиши ҳунари волои тарроҳон, тақвияту сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли анвои гуногуни матоъҳои миллӣ, густариши санъати чакандӯзӣ бо омезишу таҷассуми нақшу нигори миллӣ ва ҳарчӣ бештар ташвиқу тарғиб намудани моҳият ва мазмуни либоси миллӣ дар фестивали шаҳрӣ ва ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан», ки дар Маҷмааи давлатии «Аҳорун» ва дар пояи Маҷмааи давлатии «Нишони давлатӣ» баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.

Бо либосҳои чакани қадима ва бо либосҳои чакани бо тарҳи замонавӣ баромад кардани донишҷӯдухтарон чорабиниро боз ҳам  ҷолиб гардонида, таваҷҷуҳи иштирокчиён ва тамошобинонро ба ҳунарҳои волои мардумӣ зиёд намуд.

Шуъбаи тарбия, бахши кор бо

занони ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 

z 15.jpg - 136.62 Kbz 19.jpg - 123.17 Kbz 17.jpg - 154.19 Kb z 18.jpg - 229.90 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj