• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

БЕҲТАРИН ЗАБОНДОН

z 24.jpg - 45.24 KbСанаи  4-уми майи соли равон, дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани маҳорати забондонии наврасону ҷавонон ва ба ин  васила ҷалб намудани  онҳо  ба  омӯзиши  забонҳои хориҷӣ бо ибтикори КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар  донишгоҳ барои дарёфти стипендияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ озмӯни беҳтарин донандаи забонҳои хориҷиро таҳти  унвони «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» миёни  донишҷӯёни донишгоҳҳо  ва  муасиссаҳои таҳсилоти  миёнаи ҳудуди ноҳияи Исмоили  Сомонӣ  гузаронида шуд. Дар озмӯни мазкур Фарзона Раҳимзода, мудири шуъбаи кор бо бонувони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок намуда, озмӯнро ҳусни оғоз бахшиданд. Аз донишгоҳи мо низ 3 нафар донишҷӯёне, ки дар даври аввали ин озмӯн ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд, иштирок доштанд. Бояд қайд кард, ки донишҷӯёни донишгоҳ зери роҳбарии корманди Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Шамсиддин Оев соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд. Донишҷӯи соли 2-юми факултети забонҳои романӣ-германӣ Розия Ғарибмамадова соҳиби ҷойи аввал, Элзира Ҷумаева ва Дурдона Тағоева ҳарду донишҷӯёни факултети забони англисии донишгоҳ соҳиби ҷойи дуюм гардиданд.

Ҳамчунин бояд зикр намуд, ки озмӯн дар се давр амалӣ гардида, танҳо донишҷӯёни курсҳои 1-ум ва 2-юми муасиссаҳои  таълимии  ҳудуди  ноҳияи  Исмоили  Сомонӣ   иштирок  карда  метавонанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита ба ҷомеа

z 21.jpg - 44.67 Kb z 22.jpg - 51.09 Kb z 23.jpg - 46.60 Kb z 25.jpg - 30.92 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj